Меҳмонхона ва тарабхонаи беҳтарини пойтахт муайян карда шуданд

ASIA-Plus


Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев протоколи замимагардидаи комиссияи озмуни «Беҳтарин тарабхона, меҳмонхона ва ошхона» тасдиқ карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт, озмуни мазкур ахири моҳи августи соли гузашта бо мақсади ҳавасмандгардонӣ барои беҳтарин дастовардҳо ба меҳмонони хориҷӣ, сокинони шаҳр ва зина ба зина рушду нумуъ ёфтани сатҳи хизматрасонӣ, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардондани субъектҳои хочагидории хизматрасонӣ, инчунин, рушди минбаъдаи соҳибкории хурду миёна эълон гардида буд.

Аз рӯи натиҷаҳои озмун «Ҳаят реҷенсӣ» – меҳмонхонаи беҳтарин, «Қанд» – тарабхонаи беҳтарин ва «Тайга» ошхонаи беҳтарини шаҳри Душанбе дониста шуданд. Ғолибони  озмун  бо  Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри  Душанбе, сарфароз гардонида шуданд. 

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...