Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар маҷлиси солонаи БОР

Ҳайати Тоҷикистон дар кори маҷлиси 46-уми ҳамасолаи Бонки осиёгии рушд (БОР), ки рӯзҳои 2-5-уми май дар шаҳри Нойдаи Ҳиндустон доир мегардад, иштирок мекунад. Тавре аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар доданд, дар ин чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали нахуствазири ҶТ Матлубхон Давлатов сарварӣ мекунад, ки идоракунандаи БОР аз Тоҷикистон аст. Дар кори ҷаласа ҳамчунин […]

ASIA-Plus


Ҳайати Тоҷикистон дар кори маҷлиси 46-уми ҳамасолаи Бонки осиёгии рушд (БОР), ки рӯзҳои 2-5-уми май дар шаҳри Нойдаи Ҳиндустон доир мегардад, иштирок мекунад.

Тавре аз намояндагии доимии БОР дар Душанбе хабар доданд, дар ин чорабинӣ ҳайати Тоҷикистонро муовини аввали нахуствазири ҶТ Матлубхон Давлатов сарварӣ мекунад, ки идоракунандаи БОР аз Тоҷикистон аст. Дар кори ҷаласа ҳамчунин вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода низ ширкат хоҳад варзид.

Қобили зикр аст, ки дар ҷаласаи ҳамасолаи БОР вазирону шахсони расмии сатҳи болоии ҳукуматҳо, тоҷирони маъруф, намояндагони созмонҳои байнулмилаливу ҷомеаи шаҳрвандӣ ширкат варзида, соли равон бо шумули намояндагони васоити ахбори умум аз иштироки 4 ҳазор нафар интизорӣ меравад.

Гуфта мешавад, дар маҷлис масоили беҳбуди дастрасии гурӯҳҳои осебпазир ба имконоти иқтисодиву хизматгузориҳои иҷтимоӣ, аз қабили маорифу тандурустӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором, таъмини рушд дар ҷаҳони тағйирёбанда, суръатбахшӣ ба ҳамгиройии минтақавӣ ва дигар масоили муҳими рӯзмарра баррасӣ мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.