Заминларза дар минтақаи кӯли Сарез

Субҳи имрӯз, соати 05:44 дақиқа дар минтақаи кӯли баландкӯҳи Сарез, воқеъ дар ВМКБ заминларза рух дод, ки аз рӯи ҷадвали Рихтер шиддатнокиаш 2,5 баллро ташкил дод. Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, хисорот ва талафоти ҷонӣ бар асари заминларза ба қайд гирифта нашудааст. «Мутахассисони мо хабар […]

Аваз Юлдошев


Субҳи имрӯз, соати 05:44 дақиқа дар минтақаи кӯли баландкӯҳи Сарез, воқеъ дар ВМКБ заминларза рух дод, ки аз рӯи ҷадвали Рихтер шиддатнокиаш 2,5 баллро ташкил дод.

Тавре аз хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, хисорот ва талафоти ҷонӣ бар асари заминларза ба қайд гирифта нашудааст.

«Мутахассисони мо хабар доданд, ки дар сарбанди кӯл ҳеҷ тағйироте ба мушоҳида нарасидааст», – гуфтанд дар Кумита.

Сарез кӯлест дар Помир, дар кӯҳсори Рӯшон, ки дар баландии 3250 метр аз сатҳи дарё воқеъ аст. Дарозои кӯли Сарез 62 км, паҳнояш 3,3 км, жарфояш то 500 метр аст. Ҳаҷми оби он 17 миллиард метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милён тонна баробар аст. Ба ғайр аз рӯди Мурғоб, ки аз дарёи Оқсӯи Афғонистон сарчашма мегирад, дар ин кӯл 17 рӯди хурд ва 16 рӯди кӯчаки мавсимӣ мерезанд. Оби изофӣ асосан аз рӯи садд ба поён ҷорӣ мешавад.

Ин кӯл соати 11-у 15 дақиқаи шаби 18 феврали соли 1911 бар асари як зилзилаи сахт ва афтодани кӯҳпора бар сари роҳи рӯди Мурғоб падид омада аст. Дар паи ин зилзила деҳаи Усой дар Бадахшони Тоҷикистон зери хоку санг монда, аз тамоми сокинонаш танҳо як пирмард ва ду писарбача зинда монданд ва 57 нафар дар зери кӯҳпора ҷони худро аз даст доданд. Тамоми ҳайвоноти хонагии онҳо низ талаф шуд. Ҷамъулҷамъ бар асари ин зилзила 105 тан ҷони хешро аз даст дод.

Соли 1967 дар соҳили рости Сарез қитъаи ковок, ки аз заминларза эҳтимоли кӯчиш дорад, ошкор карда шуд ва дар сурати ба вуқӯъ пайвастанаш қисми ҳудуди Тоҷикистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Туркманистон зери об хоҳанд монд.

Соли 2000 –ум чор давлати манфиатдор-Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷиҳати дастгирии зеҳнӣ ва молиявии ҳалли масоили кӯли Сарез ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда буданд. Ҳамчунин худи ҳамон сол таҳти роҳбарии Бонки умумиҷаҳонӣ лоиҳаи байналхалқии «Кӯли Сарез: нақшаи коҳиши хатари он» таҳия гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.