М.Кабирӣ вазири корҳои дохилиро ба парлумон даъват карданист

Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки имрӯз ба роҳбарияти МНМО ҶТ муроҷиат карда, даъвати вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов ба яке аз ҷаласаҳои парлумонро дархост карданист. М.Кабирӣ зикр кард, ки ӯ ҳамчун вакил ва шаҳрванди кишвар огаҳ шуданист, ки «мақомоти интизомӣ баҳри дарёфти афроди бедаракшуда, […]

Аваз Юлдошев


Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили парлумон, раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки имрӯз ба роҳбарияти МНМО ҶТ муроҷиат карда, даъвати вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов ба яке аз ҷаласаҳои парлумонро дархост карданист.

М.Кабирӣ зикр кард, ки ӯ ҳамчун вакил ва шаҳрванди кишвар огаҳ шуданист, ки «мақомоти интизомӣ баҳри дарёфти афроди бедаракшуда, ки шуморашон ахиран дар ҳоли афзоиш аст ва бартараф сохтани муносибати берун аз одоб ва бесалоҳиятонаи кормандони милиса нисбати шаҳрвандон, лату кӯби шахсони маъруф аз ҷониби ҷинояткорони номаълум чӣ гуна тадбирҳо меандешанд».

Дар робита ба ҷараёни тафтиши парвандаи ҷиноӣ аз рӯи далели мавриди лату кӯб қарор гирифтоани муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалӣ Ҳайит, Муҳиддин Кабирӣ зикр кард, ки оид ба ин масъала имрӯз дар қароргоҳи ҳизб дар пойтахт конфронси матбуотии махсус доир месозад.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ҳайит

мавриди ҳамла ва лату кӯби афроди номаълум

қарор гирифт. Айни замон ӯ дар Маркази миллии тиббӣ бистарӣ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.