Густариши ҳамкориҳои ТАЛКО бо корхонаҳои ватанӣ

Дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи ҷалби корхонаҳои саноатии ватанӣ ба низоми истеҳсоли алюминий дар арафаи анҷомёбист. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) хабар доданд, лоиҳаи мазкур татбиқи Барномаи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии Тоҷикистонро дар назар дошта, айни замон беш аз 60%-и тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсоли алюминий […]

Пайрав Чоршанбиев


Дар Тоҷикистон амалисозии лоиҳаи ҷалби корхонаҳои саноатии ватанӣ ба низоми истеҳсоли алюминий дар арафаи анҷомёбист.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилоот ва робита бо ҷомеаи КВД «Ширкати алюминии тоҷик» (ТАЛКО) хабар доданд, лоиҳаи мазкур татбиқи Барномаи истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии Тоҷикистонро дар назар дошта, айни замон беш аз 60%-и тамоми таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсоли алюминий ва қисмҳои эҳтиётӣ дар заминаи корхонаву ташкилотҳои ватанӣ истеҳсол ва омода мегарданд.

«Аллакай дар ин марҳилаи ҷорисозии барнома дар ҷараёни истеҳсолоти ширкат коҳиши назарраси хароҷот сурат гирифта, ҳосилнокӣ ва фоидаоварии корхона афзуд ва ҳамчунин беш аз 4 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё гардид», – гуфтанд дар ширкат.

Ба иттилои манбаъ, самти дигари тақвияти фаъолияти ТАЛКО афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маснӯот аз алюминий аст, ки ҳамкории дуҷониба бо корхонаҳои ватаниро тавсеъа мебахшад ва айни замон ТАЛКО бо зиёда аз 30 корхонаҳои ватанӣ ҳамкорӣ дорад.

Қобили зкир аст, ки айни замон ҳамчунин Барномаҳои гузариши ТАЛКО ба истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ низ мавриди амал қарор дорад, ки ба муддати 5 сол пешбинӣ шудааст.

«ТАЛКО» яке аз ширкатҳои муваффақ ва ягона истеҳсолкунандаи алюминии аввалия дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона 517 ҳазор тонна алюминии аввалия дар як солро ташкил медиҳад. Тайи солҳои ахир даромади ширкат ҳамасола 1 млрд. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли алюминии хом дар корхона 275,03 ҳазор тонна ва алюминии аввалия – 272,5 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 2% камтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.