Зимни як амалиёти махсус дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, кормандони мақомоти интизомӣ беш аз 18 кило маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Бино ба маълумоти ВКД ҶТ, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокини 26-солаи ноҳияи Фархор Тошмурод Чойлобов боздошт шуда, зимни кофтукови шахсии ӯ беш аз 10,6 кило афюн ва ҳудуди 7,8 кило ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.





