Ҳаҷми маҳсулоти содиротии Тоҷикистон афзуд

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,7 % ё худ 45,6 млн. доллари ИМА камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили 476,2 млн. доллари ИМА […]

ASIA-Plus


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 1,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 3,7 % ё худ 45,6 млн. доллари ИМА камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили 476,2 млн. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 85 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва 75 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол беш аз 361,8 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳҳои соли гузашта 10,3%  ё худ 33,7 млн. $ зиёдтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 838,1 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 8,6% ё худ 80 млн. $ камтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 198 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Туркия – беш аз 168 млн. $, Қазоқистон – қариб 160 млн. $ ва Чин – каме бештар аз 126 млн. $-ро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар ду моҳи соли равон

785,7 млн. доллари ИМА

-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5% ё худ 41,4 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.