Боздиди як ҳайати баландпояи ИМА аз қароргоҳи ҲНИТ

Чанде қабл Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сюзан Эллиот, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистонро бо ҳамроҳии  як ҳайати баландпояи амрикоӣ бо хоҳиши онҳо дар дафтари марказии ҲНИТ ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин вохурӣ масоили гуногун, аз ҷумла ҳодисаи латукуби Маҳмадалӣ Ҳаит – муовини раиси ҲНИТ, вазъи […]

ASIA-Plus


Чанде қабл Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Сюзан Эллиот, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистонро бо ҳамроҳии  як ҳайати баландпояи амрикоӣ бо хоҳиши онҳо дар дафтари марказии ҲНИТ ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҲНИТ, дар ин вохурӣ масоили гуногун, аз ҷумла ҳодисаи латукуби Маҳмадалӣ Ҳаит – муовини раиси ҲНИТ, вазъи сиёсии кишвар, интихоботи президентӣ ва оиди озодиҳои динӣ ва сиёсӣ баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, раиси ҳизб вазъи саломатии Маҳмадалӣ Ҳаитро рӯ ба беҳбудӣ хонда, ин ҳодисаро талоши навбатӣ барои кашидани пойи Наҳзат ба фитна ва кӯшиши тарсонидани аъзои он хонда, ҳамчунин изҳор кард: «На танҳо ин ҳодиса, балки фазои умумӣ атрофи ҳизб моро нигарон кардааст».

Сафири Амрико дар навбати худ изҳори ҳамдардӣ намуда, лату куби ҷаноби Ҳаитро таассуфбор хонд ва гуфт, ки бояд ин ҳодиса пурра ва одилона баррасӣ шавад.

Раиси ҲНИТ ба дипломатҳои амрикоӣ мавқеъҳои ҳизбро дар масоили сиёсӣ, динӣ ва муҳоҷират шарҳ дода, аз ҷумла қайд кард, ки «зиёдаравӣ дар маҳдудиятсозиҳои сиёсӣ ва динӣ дар минтақа сабаби гаравидани ҷавонон ба равандҳои экстремистӣ мешаванд ва ин амал ҳатто агар бо номи пешгирии ифротгароӣ ҳам бошад, худ боиси рушди ифротгароӣ хоҳад гашт ва натиҷаи баръакс медиҳад».

Сафири Амрикоро Ҷейн Зиммерман – ҷонишини ёвари котиби давлатии ИМА оид ба демократия, ҳуқуқи инсон ва меҳнат, Линн Трейси – муовини ёвари котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ, сардори бахши сиёсӣ ва иқтисодӣ дар сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва ходими дигари баландпоя аз сафорат дар ин мулоқот ҳамроҳӣ карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.