Президент ивази яке аз сараудиторони Палатаи ҳисобро пешниҳод намуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи поёнии парлумон оид ба аз вазифа озод кардани сараудитори Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Ашӯралӣ Мирзоев «бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан» пешниҳод ирсол намуд. Бино ба маълумоти як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар, сарвари давлат ҳамзамон ба вакилон пешниҳод кардааст, ки ба ин мансаб Назаралӣ Файзалиев таъин карда шавад. […]

Аваз Юлдошев


Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба палатаи поёнии парлумон оид ба аз вазифа озод кардани сараудитори Палатаи ҳисоби ҷумҳурӣ Ашӯралӣ Мирзоев «бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан» пешниҳод ирсол намуд.

Бино ба маълумоти як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони кишвар, сарвари давлат ҳамзамон ба вакилон пешниҳод кардааст, ки ба ин мансаб Назаралӣ Файзалиев таъин карда шавад. Н.Файзалиев дар мансабҳои роҳбарии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд ифои вазифа мекунад.

Ба иттилои манбаъ, баррасии пешниҳодоти сарвари давлат ба рӯзномаи ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми МНМО ҶТ даъвати чорум ворид гардид, ки пагоҳ, 24-уми апрел баргузор мешавад.

Қобили зикр аст, ки мақоми олии давлатӣ дар соҳаи назорати молия – Палатаи ҳисоби ҶТ тобистони соли 2011 таъсис дода шуд. Палатаи ҳисоб ба сарвари давлат ва парлумони кишвар ҳисоботдеҳ аст.

Мувофиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди президент аз ҷониби палатаи поёнии парлумон ба муҳлати ҳафт сол таъин шуда, як нафар ҳуқуқ надорад, ки бештар аз ду мӯҳлат ба ин мансаб таъин гардад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.