Имрӯз зимни ироаи Паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки тайи 15 соли ахир Тоҷикистон сиёсати «дарҳои боз» дар муносиботи банулмилалиро роҳандозӣ намуда, минбаъд низ аз ин мавқеъ пуштибонӣ хоҳад кард.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки зимни амалисозии сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ кор мегирад.
«Дар кишвари мо имрӯз мушкилоти зиёде мавҷуд аст, вале мо аз онҳо ҳарос надорем ва ҳатман онҳоро ҳал намуда, лекин истиқлолияти кишварро ба ҳеҷ чизе иваз нахоҳем кард», – иброз дошт президент.
Дар ҳамин ҳол, ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки мутааҳидшавии тамоми нерӯҳои сиёсӣ дар ҷумҳурӣ баҳри ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва истиқлолияти давлатӣ яке аз вазифаҳои афзалиятноки ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор меравад.
«Мо аз таърихи кӯҳану бойи мардуми тоҷик ифтихор дорем, вале далелҳои таҳрифи онҳо боиси нигаронӣ аст, – гуфт Э.Раҳмон. – Боиси нигаронист, ки ахиран чанде миёни ҳамагон дар бораи ба мардуми тоҷик бегона будани таҷлили ҷашни Наврӯзу мухолифат доштани он ба шариати ислом ҳарф мезананд. Ман ба ин шахсон хотиррасон карданиам, ки Наврӯз ҳамчун як қисмати фарҳангу таърихи мо ба ҳеҷ кадоме аз динҳо муносибат надорад».
Дар идома сарвари давлати Тоҷикистон ба ҳозирин ёдовар шуд, ки дар замони шӯравӣ ҳамагӣ 30 нафар шаҳрвандони кишвар маросими адои ҳаҷро анҷом дода, дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумори онҳо ба беш аз 200 ҳазор нафар расидааст.





