Нашри «Мунтахаби ашъор»-и Лоиқ Шералӣ дар Туркия

Ба қарибӣ бо ибтикори Бунёди адабии ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии Эраҷ Айнӣ аз тариқи нашриёти Мега Басими Ҷумҳурии Туркия «Мунтахаби ашъор»-и шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ аз чоп баромад. Тавре Эраҷ Айнӣ дар ин робита хабар дод, дар китоб зиёда аз 500 ғазалу қитъа, рубоиву дубайтиҳои шоир гирловарӣ шудаанд. «Аз ҷониби мураттиби китоби […]


Ба қарибӣ бо ибтикори Бунёди адабии ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии Эраҷ Айнӣ аз тариқи нашриёти Мега Басими Ҷумҳурии Туркия «Мунтахаби ашъор»-и шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ аз чоп баромад.

Тавре Эраҷ Айнӣ дар ин робита хабар дод, дар китоб зиёда аз 500 ғазалу қитъа, рубоиву дубайтиҳои шоир гирловарӣ шудаанд. «Аз ҷониби мураттиби китоби мазкур Ниёзбадал Маликов сарсухани пурмӯҳтавое таҳти унвони «Муъҷизаофарин» дар китоб ҷойгузин гардидааст, ки маълумоти муфасалеро доир ба паҳлӯҳои гуногуни ашъори шодравон Лоиқ Шералӣ дар худ таҷассум менамояд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, дар тафовут бо дигар маҷмӯаҳои ашъори шоир, ки қабл аз ин интишор гардидаанд, дар нашрия навин ашъори шоир ба даҳ боб ҷудо шудааст, ки ҳар боб ба мавзӯи мушаххасе бахшида шудааст. «Дар китоб беҳтарин ашъори шоир гулчин гардидаанд, ки табъи ҳар як хонандаро бо мазмуни баланду лафзи ширин болида месозанд», – зикр кард Эраҷ Айнӣ.

Номбурда ҳамчунин афзуд, дар таҳияву ороиши китоб саҳми рассоми шинохта Азимҷон Муҳаммадиев ва тарроҳ Фарида Юнусова низ беандоза бузург аст.

Қобили зикр аст, ки пагоҳ, рӯзи 27-уми апрели соли равон, соати 16:00 дар Арт галереяи Мино бо нишонии кӯчаи Беҳзод-1 маросими муаррифии китоби мазкур баргузор мешавад.

Устод Лоиқ Шералӣ шоири бузурги муосири тоҷик 20 майи соли 1941 дар деҳаи Мазори Шариф воқеъ дар шаҳристони Панҷекати Тоҷикистон зода шудааст. Ӯ нахуст ба ҳайси муҳаррири шӯъбаи адабии радиои Тоҷикистон ва сипас корманди адабии рӯзномаи “Комсомоли Тоҷикистон”, мудири шӯъбаи назми маҷаллаи “Садои Шарқ”, мушовири Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сардабири маҷаллаи мӯътабари адабии “Садои Шарқ” – нашрияи Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон кор кард. Ӯ Аз соли 1965 узви Иттифоқи нависандагони Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Устод Лоиқ аз соли 1991 то дами марг ба сифати Райиси Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ ифои вазифа кард. 30 июни соли 2000 бар асари бемории сактаи мағзӣ чашм аз ҷаҳон пӯшид. Ташйиъи ҷанозаи он гаронмоя 1 июл бо ҳузури ҳазорон мухлисаш баргузор ва пайкари покаш дар Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе дар паҳлӯи бузургони адаб ва ҳунари Тоҷикистон дафн карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.