Роҳандозии ҳамкориҳо миёни Вазорати энергетика ва ширкатҳои олмонӣ

Пайрав Чоршанбиев


Миёни Вазорати энергетикаи Тоҷикистон ва консорсиуми ширкатҳои олмонии DPU Investment GmbH ва ВАЕ Batterien GmbH дар соҳаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия санади ҳамкорӣ ба имзо расид.

Бино ба иттилои сафорати Тоҷикистон дар Олмон, зери санад вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ ва директори ширкати DPU Investment GmbH Петер Урбан ва мудири ширкати ВАЕ Batterien GmbH Ян Айсперт имзо гузоштанд.

Дар намояндагии дипломатӣ зикр карданд, ки санади мазкур ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Олмон дар бахши энергетика мусоидат хоҳад кард.

Ба иттилои манбаъ, дар Берлин Гул Шералӣ ҳамчунин бо ноиби президенти ширкати энергетикиии олмонии ANDRITZ Hydro Норберт Швартс низ мулоқот кард.

Гуфта мешавад, зимни мулоқоти мазкур масъалаҳои иштироки ин ширкат дар сохтмони нерӯгоҳҳои обиву барқӣ дар Тоҷикистон, таъмиру азнавсозии нерӯгоҳҳои амалкунандаи барқӣ ва ҳамчунин роҳандозии ҳамкориҳо дар таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ҷиҳати беҳбуди самаранокии энергетикӣ баррасӣ шуданд.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...