Ҳукми 16 соли зиндон ба собиқ сардори ОБНОН-и Қӯрғонтеппа

Суди шаҳри Қӯрғонтеппа собиқ сардори Шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (ОБНОН)-и шаҳри Қӯрғонтеппа Шодибек Султоновро ба 16 соли зиндон маҳкум намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод, суд таҳти раёсати судя Дурандеш Иброҳимов маҳкумшударо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 316, қ. 4 ((Баромадан аз ҳадди ваколатҳои […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+


Суди шаҳри Қӯрғонтеппа собиқ сардори Шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (ОБНОН)-и шаҳри Қӯрғонтеппа Шодибек Султоновро ба 16 соли зиндон маҳкум намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз суди шаҳри Қӯрғонтеппа хабар дод, суд таҳти раёсати судя Дурандеш Иброҳимов маҳкумшударо дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаҳои 316, қ. 4 ((Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ва 250, қ. 4 (Тамаъҷӯӣ) гунаҳкор эътироф кардааст.

Адвокати ҷониби ҷабрдида Акбар Ҳасанов зикр кард, ки дар маҷмӯъ ӯ бо ҳукми суд мувофиқ буда, нияти аз болои он шикоят бурданро надорад.

Дар навбати худ, аз ҳукми суд адвокати маҳкумшуда Барот Беков розӣ нест. Дар суҳбати телефонӣ ӯ изҳор намуд, ки ӯ ва зерҳимояаш ба ҳукм розӣ нестанд ва пас аз дастрас шудан нусхаи ҳукм, аз болои он шикоят хоҳанд бурд.

Шодибек Султонов моҳи ноябри соли гузашта аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон боздошт шуда буд.

Нахуст ӯ дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва ғоратгарӣ айбдор дониста мешуд, амммо баъдтар суд моддаи «ғоратгарӣ»-ро ба «тамаъҷӯӣ» иваз намуд.

Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки ӯ ҳамроҳи ду нафар кормандони дигари милиса ва як шаҳрванди қаторӣ се нафар муҳоҷирони кории ба ватан баргаштаро боздошт намуда, онҳоро ба дуздӣ айбдор ва барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб накардан аз онҳо 350 ҳазор евро тамаъҷӯӣ кардаанд.

Се нафари ҳамроҳи Султонов фирор намуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд ва тафтишот нисбати ин далел давом дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.