Исботи иштироки автомашинаи сафорати ИМА дар садамаи марговар

Мақомоти тафтишот дар садамаи нақлиёте, ки ахири соли гузашта рух дода, боиси марги як нафар гардида буд, иштирок доштани автомашинаи сафоратхонаи ИМА-ро муайян кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Бердиев, бародари марҳум хабар дод, ташхиси техникӣ аз ҷониби автомашинаи Volkswagen Tuareg таҳти рақами дипломатии 004 D 005-и мутааллиқ ба сафорати ИМА пахш шудани Неъматҷон Бердиеви […]

Аваз Юлдошев


Мақомоти тафтишот дар садамаи нақлиёте, ки ахири соли гузашта рух дода, боиси марги як нафар гардида буд, иштирок доштани автомашинаи сафоратхонаи ИМА-ро муайян кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Акбар Бердиев, бародари марҳум хабар дод, ташхиси техникӣ аз ҷониби автомашинаи Volkswagen Tuareg таҳти рақами дипломатии 004 D 005-и мутааллиқ ба сафорати ИМА пахш шудани Неъматҷон Бердиеви 52-соларо тасдиқ намудааст. Автомашина дар ихтиёри корманди сафорат Фэррер Дэвид қарор дошта, пас аз ду рӯзи ин ҳодиса ӯ қаламрави Тоҷикистонро тарк кард.

Ба гуфтаи А.Бердиев, нусхаҳои натиҷаҳои ташхиси аз ҷониби ВКД доиргардида ба ӯ ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон фиристода шудаанд, вале то ҳанӯз намояндагии дипломатии ИМА дар ин хусус посухе нагуфтааст.

Муфаттиши ВКД Тоҷикистон Шукрулло Раҳимов дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» далели аз ҷониби ташхис муайян шудани иштироки автомашинаи сафорати ИМА дар садамаро тасдиқ намуда, аз ифшои ҷузъиёти дигар худдорӣ варздид.

Ёдрас мекунем, ки ба гуфтаи бародари марҳум, шоҳидон гуфтаанд, пас аз

пахш намудани роҳгузар,

автомашина суръати ҳаракатро каме паст карда, сипас дарҳол аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Кормандони БДА ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, далелҳои шайъӣ – қисмати бампери пеш, панҷара ва чароғҳои равшанидиҳиро бо худ гирифтаанд. То ҷое, ки ман огаҳам, кормандони БДА автомашинаро дар манзили хусусие  дар кӯчаи Чехов, ки кормандони сафорати ИМА онро иҷора гирифтаанд, дарёфт намудаанд, вале баъдтар автомашинаро ба қаламрави сафорат дар ИМА бурдаанд. Муддати зиёде ба муфаттишон муяссар намегардид, ки ташхиси техникии автомашинаро баргузор кунанд.

Дар ҳамин ҳол, 23-юми январи соли равон сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар дода буд, ки дар робита ба масъалаи садамаи нақлиёт, ки дар рух додани он корманди сафорат гумонбар дониста шуда, ҷабрдида ба ҳалокат расид, бо мақомоти дахлдори Тоҷикистон

ҳамкорӣ мекунад

ва намояндагии дипломатии ИМА ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.