Таъсиси ситоди кӯмак ба ҳамватанон дар сафорати ҶТ дар Русия

Дар робита ба вазъи мушкили равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, бо супориши сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар назди сафорат Ситоди кӯмак ба ҳамватанон таъсис дода шуд. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, сарварӣ ба фаъолияти ситодро сафир А.Достиев ба уҳда гирифта, ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон зимни вуруд ба Русия ё хориҷ […]


Дар робита ба вазъи мушкили равуои шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия, бо супориши сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев дар назди сафорат Ситоди кӯмак ба ҳамватанон таъсис дода шуд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав, сарварӣ ба фаъолияти ситодро сафир А.Достиев ба уҳда гирифта, ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон зимни вуруд ба Русия ё хориҷ шудан аз он дар фурудгоҳҳову истгоҳи роҳи оҳан аз ҷумлаи вазифаи асосии ситод маҳсуб меёбад. Гурӯҳи корӣ дар фурудгоҳҳои «Домодедово» ва «Внуково» ва ҳамчунин истгоҳи роҳи оҳани Қазон амал мекунад.

Гурӯҳи корӣ дар ҳамдастӣ бо намояндагиҳои КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ширкатҳои ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» ва дар мувофиқа бо маъмурият дар фурудгоҳҳои «Домодедово» ва «Внуково» ва ҳамчунин истгоҳи роҳи оҳани Қазон нвабатдорӣ роҳандозӣ мекунанд.

Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев муҳим рӯзмарра будани маҳз айни замон таъсис додани чунин ситодро зикр кардааст, зеро на танҳо аз ҷониби матбуоти чопӣ, балки аз ҷониби шабакаҳои давлатии телевизиони Русия низ атрофи тоҷикон як муҳити таҳаммулнопазирӣ ва хусумат ҷараён дорад.

«Муҳоҷирати корӣ дар тамоми ҷаҳон мавҷуд аст ва дар Русия муҳоҷирони кории Тоҷикистон аз рӯи шумор дар ҷойи чоруманд, вале аз сиёсати муайяни тариқи ВАО-и Русия роҳандозишуда маҳз атрофи муҳоҷирони тоҷик муҳити ташаннуҷомез ба вуҷуд омадааст», – иброз доштааст А.Достиев.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.