Сӯхтор дар литсей-интернати президентӣ

ASIA-Plus


Субҳи имрӯз дар литсей-интернати президентӣ воқеъ дар кӯчаи Шерализода 17-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад.

Бино ба иттилои ВАзорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, фавран ба ҷойи ҳодиса 3 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва ду нақлиёти махсуси оташнишонӣ сафарбар карда шуда, роҳбарияти Сарраёсат низ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон дар дохили посбонхона ва ошхона, ки дар шафати якдигар ҷойгиранд, дар масоҳати умумии 8 метри мураббаъ молу ашёҳо месӯхтанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ сӯхтор базудӣ иҳота ва дар соати 08:44-дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Дар рафти сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Аз рӯи мушоҳидаҳои мутахассисони соҳа бар меояд, ки эҳтимол сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар барқтақсимкунак бошад.

Омилҳои сар задани сӯхтор ва миқдори зарар  аз тарафи коршиносони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...