Сӯхтор дар литсей-интернати президентӣ

Субҳи имрӯз дар литсей-интернати президентӣ воқеъ дар кӯчаи Шерализода 17-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад. Бино ба иттилои ВАзорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, фавран ба ҷойи ҳодиса 3 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва ду нақлиёти махсуси оташнишонӣ сафарбар карда шуда, роҳбарияти Сарраёсат низ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд. Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон дар […]


Субҳи имрӯз дар литсей-интернати президентӣ воқеъ дар кӯчаи Шерализода 17-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад.

Бино ба иттилои ВАзорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, фавран ба ҷойи ҳодиса 3 адад автомашинаҳои сӯхторхомӯшкунӣ ва ду нақлиёти махсуси оташнишонӣ сафарбар карда шуда, роҳбарияти Сарраёсат низ ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуданд.

Ҳангоми ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон дар дохили посбонхона ва ошхона, ки дар шафати якдигар ҷойгиранд, дар масоҳати умумии 8 метри мураббаъ молу ашёҳо месӯхтанд.

Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврӣ сӯхтор базудӣ иҳота ва дар соати 08:44-дақиқа ба пуррагӣ хомӯш карда шуд. Дар рафти сӯхтор ҳеҷ кас зарари ҷисмонӣ набардоштааст. Аз рӯи мушоҳидаҳои мутахассисони соҳа бар меояд, ки эҳтимол сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар барқтақсимкунак бошад.

Омилҳои сар задани сӯхтор ва миқдори зарар  аз тарафи коршиносони Сарраёсати Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.   

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.