Суханронии роҳбари АНМН дар ҷаласаи котибони ША кишварҳои узви СҲШ

Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар кори он Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров низ ширкат дорад, оғоз шуд. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, қарор аст ҷаласа ду рӯз идома кунад ва дар он масъалаҳои таъмини амният […]


Дар шаҳри Бишкек ҷаласаи котибони Шӯрои амнияти кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар кори он Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров низ ширкат дорад, оғоз шуд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи АНМН, қарор аст ҷаласа ду рӯз идома кунад ва дар он масъалаҳои таъмини амният дар қаламрави кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай бо назардошти вазъи тағйирёбанда дар қаламрави мамлакатҳои узв, ҳамкориҳо миёни ин кишварҳо дар мубориза бо терроризм, эктремизм, ҷудоихоҳӣ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи трансмарзӣ ва кибернетикӣ мавриди баррасӣ қарор гиранд. 

Ҳамчунин дар назар аст маърӯзаи сарварони минтақавии сохторҳои зиддитеррористии СҲШ шунида шаванд ва ширкаткунандагон замон ва макони баргузории ҷаласаи навбатиро муайян намоянд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои машқҳои муштараки зиддимухаддиротӣ низ баррасӣ мешаванд. Виктор Иванов, сарвари Хадамоти Федералии назорати маводи мухаддири Русия дар сӯҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки сарварони идораҳои ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои узви СҲШ дар ин нишаст масъалаҳоеро ҳам мавриди сӯҳбат қарор хоҳанд дод, ки ба рушди ҳамкориҳо, табодули ахбори оперативӣ ва машқҳои муштарак иртибот доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.