Муноқишаи сокинони маҳаллӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни сокинони як деҳаи Қирғизистон ва ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон муноқиша рух дод. Бино ба иттилои хабаргузории Cazeta.ru бо такя ба гуфтаҳои сардори Шуъбаи минтақавии корҳои дохилии вилояти Ботканд Арстан Устенов, муноқиша аз он сар задааст, ки дар роҳи самти чарогоҳ сокинони деҳаи қирғизӣ бидуни огоҳии марзбонон ба корҳои таъмир оғоз намуда, […]

ASIA-Plus


Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда миёни сокинони як деҳаи Қирғизистон ва ҷазирақаламрави Ворухи Тоҷикистон муноқиша рух дод.

Бино ба иттилои хабаргузории Cazeta.ru бо такя ба гуфтаҳои сардори Шуъбаи минтақавии корҳои дохилии вилояти Ботканд Арстан Устенов, муноқиша аз он сар задааст, ки дар роҳи самти чарогоҳ сокинони деҳаи қирғизӣ бидуни огоҳии марзбонон ба корҳои таъмир оғоз намуда, шаҳрвандони тоҷик коргарони қирғизро аввал лату кӯб ва сипас ба қаламрави Тоҷикистон меоранд.

Ба иттилои хабаргузории 24.kg, намояндаи ваколатдори нахуствазир дар вилояти Ботканд Жениш Раззоқов изҳор намудааст, ки «муноқиша миёни сокинони деҳаи Оқ-Сой ва Ворух ҳаллу фасл шуда, чор нафар шаҳрвандони ҷароҳатбардоштаи Қирғизистон дар хонаашон муолиҷа мегиранд».

Гуфта мешавад, бар асари муноқиша се нафар шаҳрвандони Тоҷмикистон низ ҷароҳат бардошта, айни замон вазъ дар марз муътадил мебошад.

Тавре дар сомонаи расмии ВКД ҶТ хабар дода мешавад, муноқишае, ки рӯзи 27 апрели соли равон байни чанд нафар шаҳрвандони  ҷамоати деҳоти Ворухи ноҳияи Исфараи вилояти Суғди Тоҷикистон ва ҷамоати деҳоти Ақсойи ноҳияи Баткенти Қирғизистон барои истифодаи роҳи умумии байни ҷамоатҳои мазкур ба вуҷуд омада буд, аз ҷониби мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон ба таври оҷилӣ пешгирӣ карда шуда, тартиботи ҷамъиятӣ таъмин карда шуд.

Айни замон вазъият дар ин минтақа комилан орому осуда буда, мардум ба кору зиндагии доимии хеш машғул мебошанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.