Хатлон: Ҳалокати 7 нафар дар садамаи нақлиёт

Рӯзи 28-уми апрели соли равон соати 17:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Пайрав Ашӯрови 28-сола, сокини ноҳияи Шӯрообод ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шӯрообод ба самти шаҳри Душанбе дар километри 144-уми роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Данғара, наздикии деҳаи  Қаюмобод, қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти […]

ASIA-Plus


Рӯзи 28-уми апрели соли равон соати 17:10-дақиқа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” Пайрав Ашӯрови 28-сола, сокини ноҳияи Шӯрообод ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Шӯрообод ба самти шаҳри Душанбе дар километри 144-уми роҳи автомобилгарди ҳудуди ноҳияи Данғара, наздикии деҳаи  Қаюмобод, қоидаи ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, таҳти идораи ронанда Баҳриддин Сабурови 23-сола, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, деҳаи Заркорон, ки аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб ҳаракат мекард, бармехӯрад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ВКД ҶТ, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра” шаҳрванд Пайрав Ашӯров ва мусофирони автомашинаи мазкур Муродов Ҷовид Раҳмонбердиевич соли таваллудаш 1986, сокини ноҳияи Шӯрообод, Исоев Сироҷиддин Сайфиддинович соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Восеъ ва Сафарова Фаришта Файзовна соли таваллудаш 1969, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, мусофирони автомашинаи “Опел-Астра” Шамсиддинов Назар соли таваллудаш 1940, сокини шаҳри Кӯлоб, Абдуллоев Сафар Исоевич соли таваллудаш 1978, истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ ва Ҳасанов Ҷӯрахон Ҳусайнович соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Кӯлоб, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронандаи автомашинаи  тамғаи “Опел-Астра” Сабуров Баҳриддин ва мусофири дар дохили автомашинабуда Суннатуллои Шералӣ соли таваллудаш 1989,  истиқоматкунандаи ноҳияи Восеъ, деҳаи  Қурбоншаҳид, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи Восеъ бистарӣ мегарданд. Нисбати ҳодисаи мазкур корҳои тафтишотӣ идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.