Боздошти амали дороиҳои Kont Investment Bank аз ҷониби Вазорати молияи ИМА

Date:


ИТАР-ТАСС бо истинод ба хабарномаи ИМА The Federal Register менависад, дар робита ба даст доштан дар паҳнкунии аслиҳаи қатли ом Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амали дороиҳои Kont Investment Bank дар Тоҷикистонро боздошт намуд.

Гуфта мешавад, Раёсати назорат аз болои дороиҳои хориҷии назди Вазорати молияи ИМА амали дороиҳои шаш корхона ва як шахси хусусиро бо супориши президент, ки дар паҳн кардани аслиҳаи қатли ом даст доранд, боздоштааст.

Ин ҷо сухан аз ҷумла сари Kont Investment Bank бо қароргоҳаш дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе меравад, ки чанде қабл фаъолияташро оғоз намуд. Муассиси бонк ширкати туркии Kont Kosmetik  ва молики ин ширкат миллиардери эронӣ Бобак Занҷонӣ мебошад.

Нисбати ду ширкати малайзиягӣ, як корхонаи дар Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эрон ва ҳамчунин як шаҳрванди Эрон низ таҳримҳо ҷорӣ шуданд. Ному насаби шаҳрванди эрониро ИТАР-ТАСС мушаххас нагуфтааст, вале яқинан эҳтимол меравад, ки ин шахс Бобаки Занҷонӣ аст, ки чанде қабл мавриди таҳрими идораи хазинадории ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қарор гирифта буд.

Раёсати назорат аз болои дороиҳои хориҷии назди Вазорати молияи ИМА сабабҳои мушаххаси ба ин рӯйхат шомил кардани ин ширкатҳоро шарҳ надодааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...