Боздошти амали дороиҳои Kont Investment Bank аз ҷониби Вазорати молияи ИМА

ИТАР-ТАСС бо истинод ба хабарномаи ИМА The Federal Register менависад, дар робита ба даст доштан дар паҳнкунии аслиҳаи қатли ом Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амали дороиҳои Kont Investment Bank дар Тоҷикистонро боздошт намуд. Гуфта мешавад, Раёсати назорат аз болои дороиҳои хориҷии назди Вазорати молияи ИМА амали дороиҳои шаш корхона ва як шахси хусусиро бо […]

asia+, asia+


ИТАР-ТАСС бо истинод ба хабарномаи ИМА The Federal Register менависад, дар робита ба даст доштан дар паҳнкунии аслиҳаи қатли ом Вазорати молияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико амали дороиҳои Kont Investment Bank дар Тоҷикистонро боздошт намуд.

Гуфта мешавад, Раёсати назорат аз болои дороиҳои хориҷии назди Вазорати молияи ИМА амали дороиҳои шаш корхона ва як шахси хусусиро бо супориши президент, ки дар паҳн кардани аслиҳаи қатли ом даст доранд, боздоштааст.

Ин ҷо сухан аз ҷумла сари Kont Investment Bank бо қароргоҳаш дар пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе меравад, ки чанде қабл фаъолияташро оғоз намуд. Муассиси бонк ширкати туркии Kont Kosmetik  ва молики ин ширкат миллиардери эронӣ Бобак Занҷонӣ мебошад.

Нисбати ду ширкати малайзиягӣ, як корхонаи дар Аморати Муттаҳидаи Араб ва Эрон ва ҳамчунин як шаҳрванди Эрон низ таҳримҳо ҷорӣ шуданд. Ному насаби шаҳрванди эрониро ИТАР-ТАСС мушаххас нагуфтааст, вале яқинан эҳтимол меравад, ки ин шахс Бобаки Занҷонӣ аст, ки чанде қабл мавриди таҳрими идораи хазинадории ИМА ва Иттиҳоди Аврупо қарор гирифта буд.

Раёсати назорат аз болои дороиҳои хориҷии назди Вазорати молияи ИМА сабабҳои мушаххаси ба ин рӯйхат шомил кардани ин ширкатҳоро шарҳ надодааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.