Аз рӯи озодии ВАО Тоҷикистон боз миёни кишварҳои «ноозод»

Созмони ғайриҳукуматии амрикоии Freedom House гузориши солонаи «Озодии матбуот дар соли 2013-ум»-ро интишор намуд. Дар рейтинг ба озодии ВАО дар 197 кишвари дунё баҳогузорӣ шудааст. Онҳо ба кишварҳои озод (аз 0 то 30 балл), қисман озод (аз 31 то 60 балл) ва ноозод (аз 61 то 100 балл) тасниф мешаванд. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон дорои […]

ASIA-Plus


Созмони ғайриҳукуматии амрикоии Freedom House гузориши солонаи «Озодии матбуот дар соли 2013-ум»-ро интишор намуд.

Дар рейтинг ба озодии ВАО дар 197 кишвари дунё баҳогузорӣ шудааст. Онҳо ба кишварҳои озод (аз 0 то 30 балл), қисман озод (аз 31 то 60 балл) ва ноозод (аз 61 то 100 балл) тасниф мешаванд. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон дорои 79 балл, як балл камтар аз Русия аст.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ танҳо Қирғизистон яке аз кишварҳои нисбатан озод боқӣ монда, дар рейтинг зинаи 69-умро ишғол мекунад. Қазоқистон ба 84 балл соҳиб шудааст. Ӯзбекистону Туркманистон  боз чун кишварҳои «ноозод»-и Белорусу Куба, Гвинеяи Экваториалӣ, Эритрея, Эрон ва Кореяи Шимолӣ ба рӯйхати кишварҳои «бадтарин» шомил гардидаанд. Русия дар рейтинг 80 балл касб намудааст.

Норвегияву Шветсия бо 10 баллӣ дар мақоми аввал ва Белгияву Финландив ва Нидерланд бо 11 баллӣ аз паси онҳо ҷойгир шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.