Аъзои ҲХДТ дар 22 қуллаи Помир 22 парчам мегузоранд

Марҳилаи навбатии Аксияи «Насли созанда», ки муддати як моҳ аст дар тамоми манотиқи кишвар бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» роҳандозӣ гардида истодааст, аз 4 то 12 майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар доираи […]

ASIA-Plus


Марҳилаи навбатии Аксияи «Насли созанда», ки муддати як моҳ аст дар тамоми манотиқи кишвар бо ибтикори Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» роҳандозӣ гардида истодааст, аз 4 то 12 майи соли ҷорӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар доираи чорабиниҳои аксияи «Насли созанда» баргузории чорабиниҳои мухталиф дар тамоми навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшоназ ҷумла, муаррифии Хона – музеи Ҳунарманди мардумиии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Ғуломҳайдар Ғуломалиев дар ноҳияи Рӯшон, маҳфилҳои адабии шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар дар ноҳияи Шуғнон, Мӯъмин Каноат дар ноҳияи Дарвоз, Пайшанбе Шоҳзода дар ноҳияи Ванҷ, мизи муддавар дар мавзӯи «Обҳои шифобахши Тоҷикистон» дар ноҳияи Ишкошимбо иштироки олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст.

Дар доираи чорабинии мазкурҳамчунин барафрохтани 22 парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 22 қулла бахшида ба 22 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намошгоҳҳои ҳунарҳои бадеӣ  ва ихтирооти ҷавонон, корҳои ободонӣ, чорабиниҳои калони оммавӣ-фарҳангӣ ва Фестивали мусиқии таҳти унвони «Даргилик» дар шаҳри Хоруғбаргузор ба нақша гирифта шудааст.

Дар доираи аксия инчунин аёдати иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, мулоқот бо ҷавонон ва фаъолони ҳизб оид ба муҳокимаи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ баррасӣ мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.