Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бо намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) Си Си Ю баргузор гардид.
Бино ба иттилои шуъбаи котиботи вазорати мазкур, зимни мулоқот масъалаи баррасии нақшаи корӣ барои солҳои 2014-2016 вобаста ба таҷдиди НБО-и Норак, сохтмони ХИБ-220 кВ аз зеристгоҳи Айнӣ то зеристгоҳи Рудакӣ бо дарозии 90 км, таҷдиди НБО-и Варзоб-2, амалӣ намудани лоиҳаи кам кардани талафоти барқ дар вилояти Хатлон, сохтмони НБО-ҳои хурд дар н.Исфара ва н.Ашти вилояти Суғд, н.Шӯрообод, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Кӯлоби вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре қайд гардид, татбиқи ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои мазкур дар маркази таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб қарор гирифта, ҷонибҳо талош меварзанд то ҷиҳати амалисозии онҳо иқдом сурат бигирад.


