Вохӯрии дипломати тоҷик бо вазири нафти Покистон

Сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов бо вазири федералии нафту захираҳои табиии Покистон Суҳайл Ваҷаҳат Сиддиқӣ гуфтушунид анҷом дод. Тавре аз намояндагии дипломатии Душанбе дар Исломобод хабар доданд, зимни мулоқот дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гидроэнергетика, амалисозии имконоти мавҷуда дар соҳаи азхудкунии захираҳои табиӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ шуданд. Ба […]

Аваз Юлдошев


Сафири Тоҷикистон дар Покистон Шералӣ Ҷононов бо вазири федералии нафту захираҳои табиии Покистон Суҳайл Ваҷаҳат Сиддиқӣ гуфтушунид анҷом дод.

Тавре аз намояндагии дипломатии Душанбе дар Исломобод хабар доданд, зимни мулоқот дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои гидроэнергетика, амалисозии имконоти мавҷуда дар соҳаи азхудкунии захираҳои табиӣ ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо итминони тарафайн дар таҳким ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳои пурсамар миёни Тоҷикистону Покистонро таъкид намудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.