Баррасии мушкилоти водии Рашт дар мулоқоти Ш.Зуҳуров бо фаъолони минтақа

Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолон, роҳбарони корхонаву ташкилот ва намояндагони аҳли ҷомеаи минтақа мулоқот кард. Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни суханронӣ Шукурҷон Зуҳуров нуктаҳои асосии Паёми президенти кишварро шарҳ дода, таъкид намудааст, ки паёми ҳамасолаи сарвари давлат ба парлумон […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияҳои водии Рашт раиси МНМО ҶТ Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолон, роҳбарони корхонаву ташкилот ва намояндагони аҳли ҷомеаи минтақа мулоқот кард.

Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни суханронӣ Шукурҷон Зуҳуров нуктаҳои асосии Паёми президенти кишварро шарҳ дода, таъкид намудааст, ки паёми ҳамасолаи сарвари давлат ба парлумон яке аз рӯйдодҳои муҳими сол маҳсуб меёбад.

«Зимни суҳбати ошкоро бо аҳолӣ атрофи дастоварду мушкилоти водии Рашт, ҷалби ҷавонони минтақа ба гирифтани маълумоти касбӣ, таъсиси корхонаҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум, обёрии заминҳои нав, таъмини маҳаллаҳои аҳолинишин бо кормандони тиббӣ, зиёд кардани квотахои президентӣ барои ҷавонони минтақа ҷиҳати ба мактабҳои олӣ дохил шудани онҳо ва дигар масоили ҳалталаби рӯзмарра табодули назар сурат гирифт»,- гуфтанд дар хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумон.

Ба иттилои манбаъ, сипас Ш.Зуҳуров аз иншоооти марвиди бунёд қарордошта дар маркази ноҳияи Рашт боздид намуда, бо омӯзгорону муҳассилини Донишкадаи омӯзгории Рашт суҳбат кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.