Дар Душанбе вазъи озодии ВАО-ро баррасӣ мекунанд

Имрӯз дар ҷараёни конфронси ҷумҳуриявӣ дар Душанбе, ки аз ҷониби Шӯро оид ба ВАО бо дастгирии дигар созмонҳои журналистии ҷумҳурӣ ва Дафтари САҲА дар ҶТ созмон дода мешавад, вазъи кунунӣ ва дурнамои озодии васоити ахбори умум баррасӣ мешавад. Тавре аз Шӯро оид ба ВАО хабар доданд, конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот баргузор мешавад. […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар ҷараёни конфронси ҷумҳуриявӣ дар Душанбе, ки аз ҷониби Шӯро оид ба ВАО бо дастгирии дигар созмонҳои журналистии ҷумҳурӣ ва Дафтари САҲА дар ҶТ созмон дода мешавад, вазъи кунунӣ ва дурнамои озодии васоити ахбори умум баррасӣ мешавад.

Тавре аз Шӯро оид ба ВАО хабар доданд, конфронс ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот баргузор мешавад.

Дар конфронс баррасии масоили марбут ба ахлоқи журналистӣ, мушкилоти қонунгузорӣ дар ин самт, мурофиаҳои судӣ нисбати ВАО ва мушкилоти гузариш ба пахши рақамӣ дар назар аст. Дар фарҷоми конфронс маросими тақдими ҷоизаҳои аз ҷониби созмонҳои журналистӣ таъсисёфта доир мегардад.

Ёдрас мекунем, ки ҳамасола санаи 3-юми май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии матбуот ҷашн гирифта мешавад. Соли равон таҷлили ҷашн таҳти шиори «Сухан гуфтан бидуни ҳарос: таъмини озодии баён дар тамоми васоити ахбори умум» сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, Созмони ғайриҳукуматии амрикоии Freedom House гузориши солонаи «Озодии матбуот дар соли 2013-ум»-ро

интишор намуд

. Дар рейтинг ба озодии ВАО дар 197 кишвари дунё баҳогузорӣ шудааст. Онҳо ба кишварҳои озод (аз 0 то 30 балл), қисман озод (аз 31 то 60 балл) ва ноозод (аз 61 то 100 балл) тасниф мешаванд. Дар рейтинги имсола Тоҷикистон дорои 79 балл, як балл камтар аз Русия аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.