Нигаронии ХМ аз сатҳи пасти маълумотнокии ҷавонон

Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон аз сатҳи пасти маълумотнокии ҷавонони кишвар изҳори нигаронӣ мекунад. Бино ба маълумоти Хадамот, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги корӣ буда, сатҳи афзоишии аҳолии коршоям хеле зиёд, вале имконоти дарёфти ҷойи кор хеле ночиз аст. «Ҳамасола садҳо ҳазор аҳолии кишвар баҳри дарёфти кор ба хориҷи кишвар мераванд, вале беш аз 50%-и онҳо […]

ASIA-Plus


Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон аз сатҳи пасти маълумотнокии ҷавонони кишвар изҳори нигаронӣ мекунад.

Бино ба маълумоти Хадамот, Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги корӣ буда, сатҳи афзоишии аҳолии коршоям хеле зиёд, вале имконоти дарёфти ҷойи кор хеле ночиз аст. «Ҳамасола садҳо ҳазор аҳолии кишвар баҳри дарёфти кор ба хориҷи кишвар мераванд, вале беш аз 50%-и онҳо маълумоти олӣ ё касбӣ-техникӣ надоранд», – иброз медоранд дар хадамот.

Дар Хадамот таъкид мекунанд, ки имрӯз Тоҷикистон намунаи як кишвари камёфтест, ки дар он сатҳи маълумотнокии насли калонсол нисбат ба ҷавонон беҳтар аст. «Сатҳи тайёрии коргарон ба талаботи бозори меҳнат ва сифати он ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ нест», – зикр мегардад дар маълумот.

Дар Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ бар ин назаранд, ки сатҳи нокофии фарогирии аҳолӣ бо маълуоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба маҳдудияти заминаи моддиву техникӣ ва огоҳи нокофии ҷавонон дар бораи имконоти зудтар ба касб соҳиб шудан вобаста аст.

«Хатмкардагони макотиб ба таври пурра дарк намекунанд, ки дар шароити имрӯзаи иқтисодиву иҷтимоӣ саивақт соҳиб шудан ба касб кафолати фаъолияти муваффақонаи минбаъдаи меҳнатии онҳо аст», – гуфта мешавад дар маълумоти ХМ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио