Иштироки роҳбари АНМН дар машварати СҲШ оид ба мухаддирот

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров дар кори Машварати мақомоти салоҳиятдор ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Бишкек ширкат варзид. Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, зимни суханронӣ дар машварат Р.Назаров бо назардошти рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии соли 2014 дар Афғонистон, пешниҳод намуд, […]

ASIA-Plus


Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ Рустам Назаров дар кори Машварати мақомоти салоҳиятдор ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддири кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Бишкек ширкат варзид.

Тавре аз Агентии мазкур хабар доданд, зимни суханронӣ дар машварат Р.Назаров бо назардошти рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоии соли 2014 дар Афғонистон, пешниҳод намуд, ки барои баррасии муфассали вазъи мухаддиротӣ дар минтақа ва мувофиқаи тадбирҳои воқеъии мушаххас баҳри пешгирии ҷараёни манфии он вохӯрии муштараки мақомоти зиддимухаддиротии Афғонистон, Покистон, Эрон, Русия, ИМА, Чин, кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, СААД ва СҲШ гузаронида шавад.

Дар машварат ҳамчунин масоили ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар бахши назорати муомилоти ғайриқонунии мухаддирот, пешгирии истеҳсолу фурӯши он дар Афғонистон низ баррасӣ шуда, нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2013-2014 оид ба иҷрои Стратегияи зиддимухаддиротии СҲШ барои солҳои 2011-2016 тасдиқ ва ба ҳайати гурӯҳҳои кории Машварат тағийротҳо ворид гардиданд.

Дар кори машварат вазири амнияти ҷамъиятии Чин, роҳбарони мақомоти зиддимухаддиротии Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, дабири кулли СҲШ ва директори Кумитаи иҷрияи сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ ширкат варзиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.