Кӯмаки СММ дар ҷамъоварии маълумот оид ба амнияти ғизоӣ

Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (FAO) ба Агентии омори назди президенти ҶТ дар беҳтар сохтани сифати ҷамъоварии маълумот оид ба амнияти ғизоӣ дар ҷамоатҳои 12 ноҳияи санҷишӣ кӯмак мерасонад. Тавре аз дафтари кории ташкилот дар Душанбе хабар доданд, санаи 2-юми май дар 10 ҷамоати ноҳияи Турсунзода оид ба омодасозии мутахассисони омор дар бахши асосҳои кор […]

Заррина Эргашева


Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (FAO) ба Агентии омори назди президенти ҶТ дар беҳтар сохтани сифати ҷамъоварии маълумот оид ба амнияти ғизоӣ дар ҷамоатҳои 12 ноҳияи санҷишӣ кӯмак мерасонад.

Тавре аз дафтари кории ташкилот дар Душанбе хабар доданд, санаи 2-юми май дар 10 ҷамоати ноҳияи Турсунзода оид ба омодасозии мутахассисони омор дар бахши асосҳои кор бо компютер, иҷрои кор дар шакли компютерӣ, беҳбуди сифат, саҳеҳӣ ва  саривақтии ҷамъоварии маълумот тренинг оғоз гардид.

Лоиҳа дар ноҳияҳои Турсунзода, Рӯдакӣ, Ҳисор, Айнӣ, Истаравшан, Бохтар, Бобоҷон Ғафуров, Вахш, Восеъ, Кӯлоб, Дарвоз ва Тавилдара мавриди санҷиш ва амалисозӣ қарор мегирад.

Ҳамчунин роҳандозии истифодаи шабакаи Интернет дар ин ҷамоатҳо низ дар назар аст, то ки маълумот дар бораи амнияти ғизоӣ ҷиҳати коркард ва таҳлил саривақт ва бетаъхир ба марказҳои марказӣ ва минтақавии омор ирсол гардад.

Ғайр аз ин, дар доираи ин лоиҳа методологияи таҳқиқоти интихобии хонаводаҳо таҳия гардида, айни замон ҷараёни гузариш аз методи ҳамагонии таҳқиқот ба ин метод ҷараён дорад. Дастури муфассали таҳқиқоти интихобии хонаводаҳо интишор ва барои истифода ба Агентии омори ҷумҳурӣ супурда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.