Торнамои ҲНИТ дар Тоҷикистон боз дастнорас аст

Чандест, ки сомонаи расмии ҲНИТ дар минтақаи домении TJ дастнорас аст. Корбарони Тоҷикистон сомонаро тавассути суроғаҳои дигар – www.nahzat.org , nahzat.net дарёфт карда метавонанд. Бино ба итттилои ин торнамо, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фарзия пеш меорад, ки сомонаи онҳо қабл аз баргузории таҷили 40 солагии таъсисёбии ҳизб ва ба хотири тариқи онлайн инъикос накардани ҷараёни […]

ASIA-Plus


Чандест, ки сомонаи расмии ҲНИТ дар минтақаи домении TJ дастнорас аст. Корбарони Тоҷикистон сомонаро тавассути суроғаҳои дигар –

www.nahzat.org

, nahzat.net дарёфт карда метавонанд.

Бино ба итттилои ин торнамо, Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон фарзия пеш меорад, ки сомонаи онҳо қабл аз баргузории таҷили 40 солагии таъсисёбии ҳизб ва ба хотири тариқи онлайн инъикос накардани ҷараёни ин маросим, баста шудааст. «Сарфи назар аз анҷоми тамоми чорабиниҳои ҷашнӣ, сомона то ҳанӯз дастнорас аст», – зикр карданд дар ҲНИТ.

Ҳамчунин як манбаъ аз ҲНИТ зикр кард, ки ширкатҳои фароҳамсози интернет бо кадом сабаб дастнорас будани торнамо дар қаламрави Тоҷикистонро шарҳ намедиҳанд.

«Мо дар хусуси дастнорас будани торнамо хабар доданӣ набудем, зеро

www. nahzat.org

ва nahzat.tj як суроғаи IP доранд, вале домени аввал дар Тоҷикистон боз шуда, дуюмаш дастнорас аст, ҳарчанд тавассути прокси-сервер ба он ворид шудани имкон дорад», – хабар дод манбаъ.

Дар Ассотсиатсияи ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон низ ин маълумотро на тасдиқу на рад карда метавонанд ва ҳамчунин як маълумоти мушаххасеро аз аъзои худ пешниҳод намекунанд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан 11-уми март дар Рӯзи матбуоти тоҷик низ дар робита ба анҷоми муҳлати бақайдгирии домени

www.nahzat.tj

дастрасӣ ба ин торнамо қатъ гардида буд.

Сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар бахши алоқаи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуда буд, ки мушкилоти торнамои ҳизбӣ ба шакли нодурусти пур кардани варақаи бақайдгирии ба GET.tj пешниҳодшуда марбут аст. «Масъулони сомона варақаи бақайдгириро нодуруст пур кардаанд ва низоми худкор онро қабул накард. Ин иштибоҳи сирф техникӣ мебошад», – зикр карда буд ӯ. Пас аз як рӯз ин мушкилот ҳал шуда буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.