Cуғд: Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати собиқ адвокат

Дар вилояти Суғд нисбат ба собиқ адвокат ба гумони даст доштан дар қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, парванда мутобиқи модддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) нисбати собиқ адвокати Ҳайати мушовараи адвокатҳои «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд М.Р. оғоз гардидааст. Муайян карда шудааст, ки моҳи апрели соли […]

Мавлуда Рафиева


Дар вилояти Суғд нисбат ба собиқ адвокат ба гумони даст доштан дар қаллобӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Тавре аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, парванда мутобиқи модддаи 247, қ. 2-и КҶ ҶТ (Қаллобӣ) нисбати собиқ адвокати Ҳайати мушовараи адвокатҳои «Сипар»-и шаҳри Хуҷанд М.Р. оғоз гардидааст.

Муайян карда шудааст, ки моҳи апрели соли 2012 адвокат бо роҳи фиреб ба боварии сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров А.Д. даромада, ба ӯ ҳимояи хоҳарашро ваъда кардааст.

«Барои хизматҳои худ адвокат дар ҳаҷми 1 ҳазор доллари ИМА ва 1200 сомонӣ маблағи пулӣ талаб намуда, вале баъди маблағро гирифтан ба ваъдаи худ вафо накарда, онро ба эҳтиёҷоти худ масраф мекунад», – гуфтанд дар раёсат.

Бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд, дар зарфи 3 моҳи соли равон дар қаламрави минтақаи шимоли кишвар 16 ҳодисаи қаллобӣ (ҳамин давраи соли 2012 – 32 ҳодиса) ба қайд гирифта шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.