Интишори рейтинги 500 афроди бонуфузтарини дунё

Чанде қабл маҷаллаи маъруфи сиёсатшиносии амрикоии Foreign Policy рейтинги 500 нафар афроди бештар бонуфузи дунё дар замони муосирро интишор намуд. Ин рӯйхат бори нахуст таҳия гардида, тибқи арзёбии маҷалла онҳо 0,000007%-и аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд ва дар маҷмӯъ ба равандҳои ҷаҳонӣ бештар таъсиргузор будаанд. Маҷалла ин рейтинги худро «рӯйхати рӯйхатҳо» меномад, зеро он аз 15 […]

ASIA-Plus


Чанде қабл маҷаллаи маъруфи сиёсатшиносии амрикоии Foreign Policy рейтинги 500 нафар афроди бештар бонуфузи дунё дар замони муосирро интишор намуд.

Ин рӯйхат бори нахуст таҳия гардида, тибқи арзёбии маҷалла онҳо 0,000007%-и аҳолии сайёраро ташкил медиҳанд ва дар маҷмӯъ ба равандҳои ҷаҳонӣ бештар таъсиргузор будаанд.

Маҷалла ин рейтинги худро «рӯйхати рӯйхатҳо» меномад, зеро он аз 15 номгӯи ба ин монанди «бештар бонуфуз»-и рейтингҳои дигар, аз ҷумла Forbes, Wall Street Journal, Vanity Fair, Fortune, Thomson Reuters ва чандеи дигар тартиб дода шудааст.

Таҳиягарони рейтинг панҷ аломати асосии таъсиргузории ин ё он шахси маъруфи саросари ҷаҳонро ҷудо кардаанд, ки аз нуфузи сиёсӣ, мансаби баландпояи давлатӣ, нерӯ, зиракӣ ва маблағи пулӣ иборатанд. Ғайр аз ин, ба чанде аз ин афроди мӯътабар журналистон ҳамчун ба шахси «некӯкор» ва «бадкор» баҳогузорӣ кардаанд.

Дар рӯйхат аз ҳама бештар амрикоиҳо – 141 нафар бо роҳбарии президенти ИМА Барак Обама мақом касб карда, сипас сокинони Чин – 30 нафар, Британияи Кабир – 29 нафар ва Фаронса – 25 нафар ҷой доранд.

Ба рӯйхат ҳамчунин 13 нафар намояндаи Русия, аз ҷумла президент Владимир Путин, нахуствазир Дмитрий Медвелев, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва дигарон низ шомиланд. Тоҷир Ринат Ахмедов ягона намояндаи Украина дар рейтин аст.

Дигар намояндагони кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ дар рӯйхат ҳузур надоранд.

Дар рейтинги Foreign Policy пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оғо Хони IV, ки пайравонаш дар Тоҷикистон низ зиндагӣ доранд, дар мақоми шашум қарор дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.