Андӣ дар меҳмонии радиои «Азия-Плюс»

Овозхони шинохтаи эронӣ Андӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, имрӯз шунавандагони радиои «Азия-Плюс» имкон доранд, ки дар мавҷи 107FM мустақиман ба ӯ саволҳои худро ироа доранд. Шурӯъ аз соати 15:05 ровиёни радио Беҳрӯзи Шаҳриёр ва Гуландом Асророва бо ӯ ҳамсуҳбат мешаванд. Мусоҳибаро метавон ҳамчунин дар реҷаи онлайн бо пахши тугмаи радио дар сомонаи агентӣ ё […]

ASIA-Plus


Овозхони шинохтаи эронӣ Андӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда, имрӯз шунавандагони радиои «Азия-Плюс» имкон доранд, ки дар мавҷи 107FM мустақиман ба ӯ саволҳои худро ироа доранд.

Шурӯъ аз соати 15:05 ровиёни радио Беҳрӯзи Шаҳриёр ва Гуландом Асророва бо ӯ ҳамсуҳбат мешаванд.

Мусоҳибаро метавон ҳамчунин дар реҷаи онлайн бо пахши тугмаи радио дар сомонаи агентӣ ё мустақиман тариқи гузариш ба суроғаи

http://asiaplusradio.tj/

низ гӯш кард.

Саволҳои худро шунавандагону ҳаводорони овозхон метавонанд ҳамчунин тариқи рақами 10700 ё мустақиман дар эфир тавассути занг ба рақами (+992 44) 6107107 низ пешниҳод намоянд.

Андӣ ҷиҳати баргузор кардани консерти муштарак бо овозхони ҷавони тоҷик Ҷонибек Муродов  ба Душанбе омад. Консерти мазкур рӯзи 5-уми май дар «Кохи Ваҳдат» баргузор мешавад.

Овозхони шинохтаи эронӣ Андӣ бо забонҳои форсиву тоҷикӣ, ҳиндӣ, арабӣ, англисӣ ва арабӣ месарояд. Айни замон Андӣ дар ИМА иқомат дорад. Дар яке аз мусоҳибахои ахири худ овозхон изҳор намуд, ки барои он дар ИМА зиндагӣ дорад, ки онҷо одамон аз мусиқии дилхоҳашон баҳра мебаранд, вале «ба ҳар ҳол, ман аз ҳама бештар бо устодони ҳунари эронӣ ҳамкорӣ карданиам, зеро Ватан дар ҷойи худашу ватан аст». 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио