«Рӯзи хомӯшӣ»-и пеш аз интихобот дар Восеъ

Санаи 5-уми май дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи №39-и Восеъ маъракаи интихоботи миёндавраӣ ба парлумон доир мегардад ва имрӯз номазадҳо ба вакилӣ вохӯриҳои охирини худ бо интихобкунандагонро баргузор мекунанд. Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, дар остонаи овоздиҳӣ рӯзи шанбе дар қаламрави ҳавзаи интихоботӣ ба истилоҳ «рӯзи хомӯшӣ» фаро мерасад, ки дар ин рӯз таблиғоту вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон […]

Аваз Юлдошев


Санаи 5-уми май дар ҳавзаи интихоботии якмандатаи №39-и Восеъ маъракаи интихоботи миёндавраӣ ба парлумон доир мегардад ва имрӯз номазадҳо ба вакилӣ вохӯриҳои охирини худ бо интихобкунандагонро баргузор мекунанд.

Мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон, дар остонаи овоздиҳӣ рӯзи шанбе дар қаламрави ҳавзаи интихоботӣ ба истилоҳ «рӯзи хомӯшӣ» фаро мерасад, ки дар ин рӯз таблиғоту вохӯриҳои номзадҳо бо интихобкунандагон манъ аст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳии ҶТ, ҳамаи чор нафар номзадҳо ба иштирок дар маъракаи интихобот роҳ дода шуда, ҳеҷ кадоме аз онҳо дар давоми маъракаи пешазинтихоботӣ ба ҳавзаи интихоботӣ шикояте набурдааст. Дар ҳавзаи интихоботии мазкур ҳудуди 94 ҳазор нафар интихобкунандагон номнавис шудаанд.

Қобили зикр аст, ки аз ҳавзаи интихоботии мазкур аз Ҳизби аграрӣ Зайниддин Сафаров, аз Ҳизби халқии демократӣ Неъматулло Ибодуллоев ва тариқи худпешбарӣ рӯзноманигор Раҷаби Мирзо ва Ҷӯрахон Қурбонов номзадии худро пешбарӣ намуданд.

Ёдрас мекунем, ки маъракаи интихоботи миёндаврӣ аз ҳавзаи интихоботии ноҳияи Восеъ ба ҷойи намояндаи мардумии ваколатҳояшро пеш аз муҳлат супурда Рустам Латифов санаи 5-уми май доир мегардад. Рустам Латифов бо фармони сарвари давлат раиси ноҳияи Восеъ таъин карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.