Имсол дар Рӯзи Ғалаба гузашти низомӣ доир намегардад

Соли равон дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ба муносибати 68-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) баргузор кардани гузаштҳои низомӣ дар назар нест. Тавре аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, субҳи рӯзи 9-уми май маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи ёдбуди ҷанговарон дар Боғи Ғалаба аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон […]

Аваз Юлдошев


Соли равон дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ба муносибати 68-умин солгарди ҷашни Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) баргузор кардани гузаштҳои низомӣ дар назар нест.

Тавре аз Вазорати мудофиаи ҶТ хабар доданд, субҳи рӯзи 9-уми май маросими гулчанбаргузорӣ ба пояи муҷассамаи ёдбуди ҷанговарон дар Боғи Ғалаба аз ҷониби сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти раҳбарии Вазорати мудофиа ба нақша гирифта шуда, дар ин маросим афсарону сарбозони гарнизони Душанбе, иштирокчиён ва собиқадорони ҶБВ ва намояндагони аҳли ҷомеа низ ширкат меварзанд.

Қобили зикр аст, ки ҳамасола ба ифтихори Рӯзи Ғалаба бо супориши сарвари давлат Вазорати молия ба иштирокчиёну собиқадорони ҷанг ва коргарони ақибгоҳ кӯмаки якдафъаинаи пулӣ ҷудо мекунад. Мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ низ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ собиқадоронро бо мукофтиуҳои пуливу туҳфаҳо сарфароз мегардонанд.

Соли ҷорӣ ҳукуматдорони кишвар то ҳол ҳаҷми кӯмаки якдафъаина ба иштирокчиёну собиқадорони ҶБВ ва кормандони ақибгоҳ дар давраи ҷангро эълон накардаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.