Манъи бозпахши барномаҳои радиои русиягии «Звезда»

Шурӯъ аз дирӯз бозпахши барномаҳои радиои русиягии «Звезда» дар қаламрави Тоҷикистон, ки аз ҷониби пойгоҳи низомии 201-уми Русия, воқеъ дар канори пойтахт роҳандозӣ гардида буд, қатъ карда шуд. Бозпахши барномаҳо дар басомади 103.6 FM сурат мегирифт. Дар ин басомад ҳамчунин барномаҳои хусусии пойгоҳи низомӣ низ шунавонида мешуд. Айни замон дастрасии сокинони шаҳр ба мавҷҳои радио […]

ASIA-Plus


Шурӯъ аз дирӯз бозпахши барномаҳои радиои русиягии «Звезда» дар қаламрави Тоҷикистон, ки аз ҷониби пойгоҳи низомии 201-уми Русия, воқеъ дар канори пойтахт роҳандозӣ гардида буд, қатъ карда шуд.

Бозпахши барномаҳо дар басомади 103.6 FM сурат мегирифт. Дар ин басомад ҳамчунин барномаҳои хусусии пойгоҳи низомӣ низ шунавонида мешуд. Айни замон дастрасии сокинони шаҳр ба мавҷҳои радио тақрибан дастнорас аст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс»  муовини раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати ҶТ Самад Ҳикматов хабар дод, бозпахши барномаҳои ин радио ғайриқонунӣ ҷараён дошта, мақомоти раҳбарии радиои «Звезда» ба онҳо дар ин хусус ҳеҷ муроҷиате накардааст ва «дар сурати муроҷиат кардан ҳам, мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон, мо ба онҳо иҷозатномаи фаъолиятро дода наметавонистем».

Мутобиқи Муқарароти аз ҷониби ҳукумат тасдиқшуда дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба навъҳои ҷудогонаи фаъолият, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ барои фаъолият дар соҳаи пахши барномаҳои телевизиону радио иҷозатнома гирифта наметавонанд. Чунин иҷозатнома ҳамчунин ба ташкилотҳои радиову телевизиони аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни шаҳрвандӣ идорашаванда низ пешниҳод намегардад.

Дар Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ки ба тақсимоти басомадҳо сарукор дорад, ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуданд, ки барои бозпахши барномаҳои радиои «Звезда» басомад ҷудо накардаанд. «Онҳо назди пойгоҳ як фиристандаи мавҷ (ретранслятор)-и пуриқтидор гузошта, ба пахши барномаҳо оғоз карданд. Як замоне бозпахш қатъ шуд, вале чанд рӯз қабл боз барқарор шуд. Аз ин рӯ, мо баҳри қатъи мавҷ, ки тамоми қаламрави шаҳри Душанберо фаро мегирифт, чораҳо андешидем», – иброз доштанд дар Хадамоти алоқа.

Дар навбати худ, сухангӯи пойгоҳи 201-уми низомии Русия Дмитрий Матушкин иттилоъ дод, ки онҳо чандин маротиба ба Кумитаи телевизиону радио ва Хадамоти алоқа барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат кардаанд. «Бозпахши барномаҳои радиои «Звезда»-ро мо аз соли 1996, аз замони таъсиси пойгоҳи низомӣ роҳандозӣ намудем. Маркази радиову телевизион ва газетаи мо дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сабтином (аккредитатсия) шудаанд ва то имрӯз ҳеҷ мушкилоте ҷой надошт. Мо чандин маротиба расман бо мактуб ба Кумитаи телевизиону радио ҷиҳати гирифтани иҷозатнома муроҷиат намудем ва басомади озоди бозпахшро ба мо Хадамоти алоқа пешниҳод карда буд», – зикр кард Д.Матушкин.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.