Баррасии ҳамкориҳои Тоҷикистону БОР дар бахши энергетика

Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бо намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) Си Си Ю баргузор гардид. Бино ба иттилои шуъбаи котиботи вазорати мазкур, зимни мулоқот масъалаи баррасии нақшаи корӣ барои солҳои 2014-2016 вобаста ба таҷдиди НБО-и Норак, сохтмони ХИБ-220 кВ аз зеристгоҳи Айнӣ то зеристгоҳи […]

ASIA-Plus


Дар Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон вохӯрии Вазири энергетика ва саноати ҶТ Гул Шералӣ бо намояндаи доимии Бонки осиёгии рушд (БОР) Си Си Ю баргузор гардид.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи вазорати мазкур, зимни мулоқот масъалаи баррасии нақшаи корӣ барои солҳои 2014-2016 вобаста ба таҷдиди НБО-и Норак, сохтмони ХИБ-220 кВ аз зеристгоҳи Айнӣ то зеристгоҳи Рудакӣ бо дарозии 90 км, таҷдиди НБО-и Варзоб-2, амалӣ намудани лоиҳаи кам кардани талафоти барқ дар вилояти Хатлон, сохтмони НБО-ҳои хурд дар н.Исфара ва н.Ашти вилояти Суғд, н.Шӯрообод, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон ва Кӯлоби вилояти Хатлон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Тавре қайд гардид, татбиқи ҳамаҷонибаи лоиҳаҳои мазкур дар маркази таваҷҷуҳи ҳарду ҷониб қарор гирифта, ҷонибҳо талош меварзанд то ҷиҳати амалисозии онҳо иқдом сурат бигирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.