Занҳои ихтироккори тоҷик дар намоишгоҳи байналмиллаӣ кадрдонӣ гаштанд

Date:


Шаш зани ихтироъкори точик  аз шашумин намоишгоҳи байналмиллалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкори байналмилалӣ», ки аз  1 то 4 майи соли равон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашта буд, бо медалхо баргаштанд.


Тавре ба «АП» аз Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур аз 30 давлати дунё 216 ихтироъ пешниҳод гардида буд. Аз ҷониби Муассиса 6  ихтироъ, ки муаллифонашон  занҳои ихтироъкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, пешниҳод гардид.

«Аз ҷониби Комиссияи тадорукот ба ду ихтироъ  дар соҳаи тиб, ки муаллифаш Боқиева Гулбаҳор аст, медали тилло супорида шуд. Хамчунин Раҳимова Мубошира, ки муаллифи ду ихтироъ дар соҳаи экология ва хоҷагии қишлоқ аст, соҳиби медали нуқра гашт. Ба ӯ ҳамчунин барои як ихтироъаш дар соҳаи  химия медали биринҷӣ супорида шуд. Мансурова Дилрабо низ дар соҳаи механика бо медали биринҷӣ сарфароз гардид», – хабар дод сарчашма.

Дар Муассиса таъкид карданд, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ба ихтироъкори тоҷик Боқиева Гулбаҳор мукофоти махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ супорида шуд.

«Ин бори дуввум аст, ки бонувони ихтироъкори тоҷик дар чунин намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби медалҳо ва ҷоизаҳои махсус мегарданд. Барои иштироки фаъолона дар 5-умин семинари байналмилалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкор дар соҳаи моликияти зеҳнӣ» сардори шўъбаи феҳристҳои давлатии объектҳои моликияти саноатии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абидова Парвина соҳиби «Сертификат»  гардид», – кайд намуд сарчашма.

Намоишгоҳи байналмилалӣ бо дастгирии Идораи патентии Кореяи Ҷанубӣ, Ассосиатсияи занҳои ихтироъкори Кореяи Ҷанубӣ ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баргузор карда шуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...