Занҳои ихтироккори тоҷик дар намоишгоҳи байналмиллаӣ кадрдонӣ гаштанд

Шаш зани ихтироъкори точик  аз шашумин намоишгоҳи байналмиллалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкори байналмилалӣ», ки аз  1 то 4 майи соли равон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашта буд, бо медалхо баргаштанд. Тавре ба «АП» аз Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур […]

Махпора Киромова


Шаш зани ихтироъкори точик  аз шашумин намоишгоҳи байналмиллалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкори байналмилалӣ», ки аз  1 то 4 майи соли равон дар шаҳри Сеули Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашта буд, бо медалхо баргаштанд.


Тавре ба «АП» аз Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар намоишгоҳи мазкур аз 30 давлати дунё 216 ихтироъ пешниҳод гардида буд. Аз ҷониби Муассиса 6  ихтироъ, ки муаллифонашон  занҳои ихтироъкор аз Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, пешниҳод гардид.

«Аз ҷониби Комиссияи тадорукот ба ду ихтироъ  дар соҳаи тиб, ки муаллифаш Боқиева Гулбаҳор аст, медали тилло супорида шуд. Хамчунин Раҳимова Мубошира, ки муаллифи ду ихтироъ дар соҳаи экология ва хоҷагии қишлоқ аст, соҳиби медали нуқра гашт. Ба ӯ ҳамчунин барои як ихтироъаш дар соҳаи  химия медали биринҷӣ супорида шуд. Мансурова Дилрабо низ дар соҳаи механика бо медали биринҷӣ сарфароз гардид», – хабар дод сарчашма.

Дар Муассиса таъкид карданд, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ ба ихтироъкори тоҷик Боқиева Гулбаҳор мукофоти махсуси Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ супорида шуд.

«Ин бори дуввум аст, ки бонувони ихтироъкори тоҷик дар чунин намоишгоҳи байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби медалҳо ва ҷоизаҳои махсус мегарданд. Барои иштироки фаъолона дар 5-умин семинари байналмилалии «Занҳои ихтироъкор ва соҳибкор дар соҳаи моликияти зеҳнӣ» сардори шўъбаи феҳристҳои давлатии объектҳои моликияти саноатии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абидова Парвина соҳиби «Сертификат»  гардид», – кайд намуд сарчашма.

Намоишгоҳи байналмилалӣ бо дастгирии Идораи патентии Кореяи Ҷанубӣ, Ассосиатсияи занҳои ихтироъкори Кореяи Ҷанубӣ ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баргузор карда шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.