Ишораи Агентии зиддифасод ба робитаи З.Саидов ба парвандаи исфарагиҳо

Дар робита ба боздошти собиқ вазири саноати ҶТ Зайд Саидов Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ иттилоия пахш намуд. «Дар истеҳсолоти Агентӣ айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ дар хусуси гумонбар донистани собиқ вазири саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили гирифтани пора […]

ASIA-Plus


Дар робита ба боздошти собиқ вазири саноати ҶТ Зайд Саидов Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ иттилоия пахш намуд.

«Дар истеҳсолоти Агентӣ айни ҳол парвандаи ҷиноятӣ дар хусуси гумонбар донистани собиқ вазири саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Зайд Шерович дар содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили гирифтани пора дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 319), қаллобӣ бо истифодаи мақоми хизматӣ дар ҳаҷми махсусан калон (қисми 4 моддаи 247), суистифода аз ваколатҳои мансабӣ (моддаи 314) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дорад», – баён мегардад дар иттилоия.

Зикр мегардад, ки ин ҳолатҳо дар дар доираи тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ вакили маҷлиси вакилони халкии вилояти Сугд, директори генералии Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Химзавод»-и ш. Исфара, ки тобеъи вазорати саноат ва энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, Ҷӯраев Низомхон Ҳайдарович ошкор карда шудаанд.

«Бо дарназардошти махфӣ нигоҳ доштани сирри тафтишотӣ аз тафсири васеъи ин тафтишот айни ҳол худдорӣ карда мешавад ва фақат қайд карда мешавад, ки тафтиши мазкур дар доираи талаботи қонунхои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат хохад гирифт», – омадааст дар иттилоия.

Гуфта мешавад, аз сабаби оне, ки аксариати шоҳидони воқеъаҳо аз тафтишот пай бурда тарки марзи ҷумҳурӣ кардаанд ё аз ҷойҳои истиқоматии худ паноҳ бурданд, бо мақсади объективона, пурра ва беғаразона пеш бурдани тафтишот лозим шуморида шуд, ки муҳтарам Зайд Саидов аз майдони ҳавоӣ ба мақомоти Агентӣ даъват карда шавад ва худи ӯ аз идораи мақомоти Агентӣ ба хонаводааш тавассути телефон занг зада, хабар дод.

Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Шуҳрат Қудратов, яке аз адовактҳои ӯ дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо ба зерҳимояи худ дастрасӣ надошта, Саидов ҳамчун вакили Маҷиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳуқуқи дахолатнопазирии вакилӣ бархӯрдор аст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 10-уми май прокуратураи шаҳри Душанбе дар бораи ба серзанагӣ мутааҳам дониста шудани Зайд Саидов хабар дод. Сохторҳои ҳукуматии Тоҷикистон тафтиши ҳамаҷонибаи корхонаҳои мутааллиқ ба Саидовро оғоз намуданд. Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки бадномкунии густардаи Зайд Саидов бинобар сабаби нияти аз ҷониби ӯ таъсис додани ҳизби нав сурат гирифтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.