Интиқоли барқ ба Афғонистон қариб 30% коҳиш ёфт

Date:


Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» бо истинод ба ШСХК «Барқи тоҷик» зикр мегардад, ки моҳи апрели соли равон дар Тоҷикистон беш аз 1,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи моҳи марти ҳамин сол ба миқдори 8,2% ё худ 47,5 млн. кВт/соат камтар аст.

Дар гузориш гуфта мешавад, моҳи гузашта ба ҳисоби миёна шабонарӯзӣ дар ҷумҳурӣ 43 млн. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол гардида, моҳи апрели соли гузашта ин нишондиҳанда ба миқдори 29 млн. кВт/соат зиёдтар буд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ ҳаҷми истифодаи умумии нерӯи барқ дар кишвар 1 млрд. 274 млн. кВт/соатро ташкил дод, ки нисбат ба моҳи марти соли ҷорӣ 10,7% камтар аст, вале дар муқоиса бо моҳи апрели соли гузашта 38 млн. кВт/соат бештар мебошад.

Дар гузориш таъкид мегардад, ки моҳи апрели соли равон ба Афғонистон дар ҳаҷми 31,6 млн. кВт/соат (ҳудуди 3% аз ҳаҷми умумии истифода дар Тоҷикистон) нерӯи барқ интиқол дода шуд, ки тақрибан 29% камтар аз ҳаҷми содиршуда дар моҳи март аст. Моҳи марти соли равон аз Тоҷикистон ба Афғонистон ҳудуди 41 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол гардида буд.

Гуфта мешавад, тайи 4 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 5,6 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол карда шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...