Кумаки бебозгашти Чин ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 млн. юан

Дар ҳошияи сафари давлатӣ ба Чин субҳи имрӯз дар шаҳри Пекин мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин доир гардид. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқоти сатҳи олӣ  Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро бори дигар ба муносибати ба мақоми олии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб шуданаш табрику […]


Дар ҳошияи сафари давлатӣ ба Чин субҳи имрӯз дар шаҳри Пекин мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин доир гардид.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқоти сатҳи олӣ  Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро бори дигар ба муносибати ба мақоми олии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб шуданаш табрику таҳният гуфта, изҳор дошт: «Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти тағйирнопазир дорад».

Си Ҷинпин бо ишора ба заминаи мустаҳками қарордодию ҳуқуқӣ ва ҳусни боварию эътимоди дуҷониба изҳор дошт, ки «Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ аз рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва таҳкими асосҳои истиқлоли давлатии ин кишвари дӯсту ҳамсоя дастгирӣ хоҳад кард».

Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки барои ба сатҳи стратегӣ расондани муносиботи ду кишвар Барномаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар барои солҳои 2014-2019 таҳия қабул карда шавад. Ҳамчунин ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин зарур шумурда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Эъломияи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ; Созишнома миёни ҳукумати ва ҳукумати Чин оид ба ҳамкории иқтисодию техникӣ; Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Саридораи назорати сифат ва карантини Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ барои содироти меваҷоти тару тоза аз Тоҷикистон ба Чин; Созишнома миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ва Саридораи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

Созишномаи қарзӣ миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонк ва Бонки давлатии рушди Чин; Ду Созишномаи қарзӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Чин дар бораи маблағгузории лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оид ба идораи шабакаи автоматии роҳи мошингард ва лоиҳаи навсозии зеристгоҳи барқии 500 киловолтаи Регар ва Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати Dong Ying Heli Investment and development co. Ltd – и Чин оид ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон ба имзо расид.

Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию техникӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 миллион юан (32,2 миллион доллари амрикоӣ) грант ё худ кумаки бебозгашт расонда мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.