Шоҳид лату кӯби маҳбус Икромзодаро тасдиқ кард

Дар мурофиаи судии парвандаи маҳкумшуда Ҳамза Икромзода дар тавқифгоҳи муваққатии №1-и шаҳри Душанбе, далели лату кӯби бераҳмонаи маҳкумшуда аз ҷониби кормандони мушаххаси муассисаи ислоҳиро шоҳид тасдиқ намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Гулчеҳра Холматова, адвокати хизматгузориҳояш аз ҷониби Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ба ҷабридагон пешниҳодшуда хабар дод, мурофиа бо эълони хулосаи айбнома нисбат ба […]


Дар мурофиаи судии парвандаи маҳкумшуда Ҳамза Икромзода дар тавқифгоҳи муваққатии №1-и шаҳри Душанбе, далели лату кӯби бераҳмонаи маҳкумшуда аз ҷониби кормандони мушаххаси муассисаи ислоҳиро шоҳид тасдиқ намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Гулчеҳра Холматова, адвокати хизматгузориҳояш аз ҷониби Дафтари ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният ба ҷабридагон пешниҳодшуда хабар дод, мурофиа бо эълони хулосаи айбнома нисбат ба айбдоршаванда – корманди фаврӣ Маҳмуд Исмоилов оғоз гардид, ки дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316, қ 3-и КҶ ҶТ) гунаҳкор карда мешавад.

«Сипас се нафар шоҳидон аз ҷумлаи маҳкумшудагон бозпурсӣ шуда, яке аз онҳо Рафаэл Мақсудов, ки рӯзи марги Ҳамза Икромзода дар камераи №4-и ҳуҷраи ҷаримавӣ ҳамроҳ бо ӯ қарор дошт, изҳор намуд, ки бо чашмони худ аз ҷониби Маҳмуд Исомилов ва дигар кормандони тавқифгоҳ лату кӯб шудани Ҳ.Икромзодаро шоҳид будааст. Нисбати се нафар кормандони дигар – Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов тафтишоти пешакӣ идома дорад. Рафаэл иброз дошт, ки сар ва дастони Ҳамза ҷароҳат бардошта, хуни зиёде мерафт ва ба ӯ лозим омадааст, ки ба ӯ кумаки аввалияро расонад»,- гуфт Холматова.

Ба қавли адвокат, ӯ аз суд даъвати шоҳидони иловагӣ – маҳкумшудагон Суннатулло Ризоев ва Садриддин Тошеви пас аз марги Икромзода ба муассисаи ислоҳии Хуҷанд фиристодаро низ дархост намудааст.

Ҳамчунин бо дархости адвокат дар мурофиаи имрӯза ба иштироки модари Ҳамза Икромзода иҷозат шудааст, ки ҳамроҳ бо падараш ҷониби ҷабрдидаро намояндагӣ мекунанд.

Парвандаи ҷиноятии мазкур аз се боб иборат аст. Мурофиа таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рустам Мирзоев ҷараён дорад.

Моҳи январи соли равон зимни нишасти хабарӣ дар робита ба қазияи марги маҳбус Ҳамза Икромзода прокурори генералии Тоҷикистон Шерхон Салимзода иттилоъ дода буд, ки аз рӯи ин далел

се нафар шахсони мансабдор

ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шудаанд.

Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Ёдрас мекунем, ки натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода бо натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.