Дар ҳошияи сафари давлатӣ ба Чин субҳи имрӯз дар шаҳри Пекин мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин доир гардид.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози мулоқоти сатҳи олӣ Эмомалӣ Раҳмон Си Ҷинпинро бори дигар ба муносибати ба мақоми олии раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин интихоб шуданаш табрику таҳният гуфта, изҳор дошт: «Муносибот бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон афзалияти тағйирнопазир дорад».
Си Ҷинпин бо ишора ба заминаи мустаҳками қарордодию ҳуқуқӣ ва ҳусни боварию эътимоди дуҷониба изҳор дошт, ки «Ҷумҳурии Мардумии Чин минбаъд низ аз рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон ва таҳкими асосҳои истиқлоли давлатии ин кишвари дӯсту ҳамсоя дастгирӣ хоҳад кард».
Сарвари давлати Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки барои ба сатҳи стратегӣ расондани муносиботи ду кишвар Барномаи ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар барои солҳои 2014-2019 таҳия қабул карда шавад. Ҳамчунин ифтитоҳи хатсайри мустақими ҳавоӣ миёни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин зарур шумурда шуд.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти расмӣ дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Эъломияи муштараки Тоҷикистону Чин оид ба истиқрори муносибатҳои шарикии стратегӣ; Созишнома миёни ҳукумати ва ҳукумати Чин оид ба ҳамкории иқтисодию техникӣ; Протоколи ҳамкорӣ миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Саридораи назорати сифат ва карантини Чин оид ба талаботи фитосанитарӣ барои содироти меваҷоти тару тоза аз Тоҷикистон ба Чин; Созишнома миёни Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ва Саридораи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Чин оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
Созишномаи қарзӣ миёни Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон Амонатбонк ва Бонки давлатии рушди Чин; Ду Созишномаи қарзӣ миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Бонки содироту воридоти Чин дар бораи маблағгузории лоиҳаи «Шаҳри бехатар» оид ба идораи шабакаи автоматии роҳи мошингард ва лоиҳаи навсозии зеристгоҳи барқии 500 киловолтаи Регар ва Ёддошти ҳусни тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон ва ширкати Dong Ying Heli Investment and development co. Ltd – и Чин оид ба сохтмони корхонаи коркарди нафт дар ҷануби Тоҷикистон ба имзо расид.
Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодию техникӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 200 миллион юан (32,2 миллион доллари амрикоӣ) грант ё худ кумаки бебозгашт расонда мешавад.


