Баррасии ҳамкориҳои кишварҳои узви ЕврАзЭС дар соҳаи маориф

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXXIII Шӯро оид ба маорифи назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё  (ЕврАзЭС) баргузор мегардад, ки дар кори он аъзои Шӯро, коршиносони тарафҳо дар соҳаи маориф, намояндагони котиботи Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, масъулони вазоратҳои маориф (ва илми) давлатҳои аъзои Иттиҳод, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд. Тавре аз Вазорати маорифи ҶТ […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи XXXIII Шӯро оид ба маорифи назди Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё  (ЕврАзЭС) баргузор мегардад, ки дар кори он аъзои Шӯро, коршиносони тарафҳо дар соҳаи маориф, намояндагони котиботи Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, масъулони вазоратҳои маориф (ва илми) давлатҳои аъзои Иттиҳод, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.

Тавре аз Вазорати маорифи ҶТ хабар доданд, тибқи рӯзномаи ҷаласа дар рафти кори Шӯро 7 масъала, аз қабили ташкил намудани Агентии рейтинги Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё оид ба баҳодиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои аъзои Иттиҳод; дар бораи таҳлили қиёсии низоми миллии омода намудан, такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ; дар бораи рафти иҷрои Нақшаи чорабиниҳои муштарак барои солҳои 2011-2013 ва солҳои минбаъда ҷиҳати амалисозии Самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои давлатҳои аъзо дар соҳаи маориф; дар бораи рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи 22-и Шӯро; дар бораи рафти иҷрои қарорҳои 58, 59 ва 60 ҷаласаҳои Кумитаи ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва ғайра мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Дар рафти кори ҷаласа Котиби масъули Шӯро аз сари нав таъин карда мешавад ва ҳамзамон роҳҳои ташкил намудани Агентии рейтинги Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё оид ба баҳодиҳии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои аъзои Иттиҳод муҳокима хоҳад шуд.

Дар назар аст, ки лоиҳаи Консепсияи Агентии рейтинги Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё такмил дода мешавад ва ҳамзамон ҷиҳати дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ баргузор намудани Семинари байналмилалӣ оид ба мушкилоти такмили ихтисоси кадрҳои омӯзгорӣ ва ғайра қарор қабул карда мешавад.

Баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро дар нимсолаи дуюми соли 2013 дар Ҷумҳурии Белорус дар назар аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.