Вохӯрии Шӯрои мудирони БИР дар арафаи анҷомёбист

Date:


Имрӯз дар Душанбе вохӯрии навбатии 5-рӯзаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд  (БИР) ба итмом мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз лепартаменти иттиилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон дар қароргоҳи ҳукуматии Кохи Сомон машварати ниҳоии вохӯрии Шӯро ба анҷом расида, як қатор аснод ба имзо расиданд.

Нимаи дуюми имрӯз доир ба натоиҷи вохӯрии панҷрӯза конфроснси матбуотии муштараки раиси Шӯрои мудирон, президенти Гурӯҳи БИР ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ баргузор мешавад.

Шурӯъ аз 18-уми май дар доираи чорабиниҳои вохӯрии Шӯрои мудирони БИР дар Душанбе Маҷмаъи умумии кишварҳои исломӣ (FOCIC), семинар оид ба имконоти молии лоиҳаҳои БИР бо намунаҳои амалӣ, форуми ҳаштуми глобалӣ дар мавзӯи «Нақши молияи исломӣ дар рушди кишварҳои узви БИР аз Осиёи Марказӣ», ҷаласаи Шӯрои мудирони иҷроияи Бунёди исломии рушд (ISFD), форуми БИР оид ба рушди ташкилотҳои ҷвавонон ва дигар чорабиниҳо доир гардиданд.

Рӯзи 21-уми май бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи расмии вохӯрии 38-уми Шӯрои мудирони БИР барпо шуд. Дар чорабиниҳои мазкур ҳайати 50 кишвари узви БИР ва намояндагон 68 ниҳодҳои молиявӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат варзиданд, ки шумори умумии иштирокчиён 732 нафарро ташкил медиҳад.

Моҳи декабри соли 1996  Тоҷикистон ба узвияти Бонки исломии рушд пазируфта шуд. Бастаи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону БИР аз 23 лоиҳа ба маблағи умумии 191,1 млн. доллари ИМА иборат буда, 15 лоиҳа ба маблағи 4,5 млн. доллари ИМА барои кӯмаки техникии марбут ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаҳо ва беҳбуди имконоти сохторҳои давлатӣ равона шудаанд. Айни замон дар Тоҷикистон бо ҳамкории БИР 15 лоиҳа пурра амалӣ гардида, дар доираи онҳо 64 млн. $ маблағ азхуд шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...