Дахолатнопазирии прокурору муфаттишон бекор шуд

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ як модда дар Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура»  бекор шуд, ки дахолатнопазирии прокуророну муфаттишонро таъмин мекард. Зимни суханронӣ доир ба ин масъала, прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода зикр кард, ин ташаббуси ҳукумат ба пешгирӣ ва тақвияти мубориза бо коррупсия миёни кормандони прокуратура равона шудааст. «Пас аз қабули […]

Аваз Юлдошев


Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ як модда дар Қонуни ҶТ «Дар бораи мақомоти прокуратура»  бекор шуд, ки дахолатнопазирии прокуророну муфаттишонро таъмин мекард.

Зимни суханронӣ доир ба ин масъала, прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода зикр кард, ин ташаббуси ҳукумат ба пешгирӣ ва тақвияти мубориза бо коррупсия миёни кормандони прокуратура равона шудааст.

«Пас аз қабули тағйироту мазкур прокурору муфаттишон барои қонуншиканиҳои маъмуриву ҷиноӣ аз ҷониби прокурори генералӣ ва барои содир намудани ҷиноёти коррупсионӣ аз ҷониби директори агентии зиддифасод ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», – иброз дошт Салимзода.

Дар идома вакилон тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба Қонуни ҶТ «Дар бораи судҳо»-ро дастгирӣ намуданд. Тибқи ин тағйирот, аз ин ба баъд парвандаҳои ҷиноӣ нисбати судяҳоро прокурори генералӣ боз карда, баррасии он ба дӯши Суди олии кишвар вогузор мегардад. «Ин тағйирот низ ба пешгирӣ ва тақвияти мубориза бо коррупсия миёни судяҳо нигаронида шудааст», – гуфт ӯ.

Вакилони парлумон ҳамчунин тағйирот ба қонун «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия»-ро низ маъқул шумориданд, ки мутобиқи он парвандаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ нисбати кормандони Агентии мазкур аз ҷониби прокурори генералӣ боз карда мешавад.

Ш.Салимзода таъкид кард, ки агар аз ҷониби кормандони Агентии зиддифасод ҷиноёти коррупсионӣ содир карда шавад, парвандаи ҷиноӣ нисбати онҳоро роҳбари Агентии зиддифасод боз мекунад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.