Вохӯрии Шӯрои мудирони БИР дар арафаи анҷомёбист

Имрӯз дар Душанбе вохӯрии навбатии 5-рӯзаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд  (БИР) ба итмом мерасад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз лепартаменти иттиилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон дар қароргоҳи ҳукуматии Кохи Сомон машварати ниҳоии вохӯрии Шӯро ба анҷом расида, як қатор аснод ба имзо расиданд. Нимаи дуюми имрӯз доир ба натоиҷи […]

ASIA-Plus


Имрӯз дар Душанбе вохӯрии навбатии 5-рӯзаи 38-уми Шӯрои мудирони Бонки исломии рушд  (БИР) ба итмом мерасад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз лепартаменти иттиилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, айни замон дар қароргоҳи ҳукуматии Кохи Сомон машварати ниҳоии вохӯрии Шӯро ба анҷом расида, як қатор аснод ба имзо расиданд.

Нимаи дуюми имрӯз доир ба натоиҷи вохӯрии панҷрӯза конфроснси матбуотии муштараки раиси Шӯрои мудирон, президенти Гурӯҳи БИР ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ баргузор мешавад.

Шурӯъ аз 18-уми май дар доираи чорабиниҳои вохӯрии Шӯрои мудирони БИР дар Душанбе Маҷмаъи умумии кишварҳои исломӣ (FOCIC), семинар оид ба имконоти молии лоиҳаҳои БИР бо намунаҳои амалӣ, форуми ҳаштуми глобалӣ дар мавзӯи «Нақши молияи исломӣ дар рушди кишварҳои узви БИР аз Осиёи Марказӣ», ҷаласаи Шӯрои мудирони иҷроияи Бунёди исломии рушд (ISFD), форуми БИР оид ба рушди ташкилотҳои ҷвавонон ва дигар чорабиниҳо доир гардиданд.

Рӯзи 21-уми май бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими ифтитоҳи расмии вохӯрии 38-уми Шӯрои мудирони БИР барпо шуд. Дар чорабиниҳои мазкур ҳайати 50 кишвари узви БИР ва намояндагон 68 ниҳодҳои молиявӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ ширкат варзиданд, ки шумори умумии иштирокчиён 732 нафарро ташкил медиҳад.

Моҳи декабри соли 1996  Тоҷикистон ба узвияти Бонки исломии рушд пазируфта шуд. Бастаи лоиҳаҳои муштараки Тоҷикистону БИР аз 23 лоиҳа ба маблағи умумии 191,1 млн. доллари ИМА иборат буда, 15 лоиҳа ба маблағи 4,5 млн. доллари ИМА барои кӯмаки техникии марбут ба таҳияи тарҳи фанниву иқтисодии лоиҳаҳо ва беҳбуди имконоти сохторҳои давлатӣ равона шудаанд. Айни замон дар Тоҷикистон бо ҳамкории БИР 15 лоиҳа пурра амалӣ гардида, дар доираи онҳо 64 млн. $ маблағ азхуд шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.